700 км роҳро пиёда тай карда пианинаи “Беккер”-ро ба Хорӯғ расониданд

Пианинаи  олмонии “Беккер”, ки ҳоло дар гӯшае аз Осорхонаи таърихии шаҳри Хоруғ хобидааст, таърихи ҷолибе дорад. Ин асбоби нодири мусиқӣ диққати ҳама боздидкунандагони осорхонаро ба худ ҷалб мекунад. Ҳамаи меҳмонони осорхона назди ин асбоби мусиқӣ расида, як савол медиҳанд, ки чӣ гуна он ба осорхона расид ва молики аввалинаш кӣ буд?

Дар бораи ин асбоб қиссаҳо гуногунанд. Чарсемак Чарсемаков, таҳқиқгари бозёфтҳои нодири таърихии Осорхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ мегӯяд, соли 1914 казакҳои рус, ки сарҳади Империяи Русияро муҳофизат мекарданд, ин асбобро бо хоҳиши духтари капитан аз шаҳри Ош ба Хоруғ оварданд:

-Даҳ нафар сарбоз 700 км роҳ- кӯҳҳои барфпӯш ва ағбаҳои калонро тай карда то ба Хоруғ расиданд. Дар пайроҳаҳои ҳамвор онҳо аз қувваи уштур истифода кардаанду дар роҳҳои мушкилгузари кӯҳӣ маҷбур буданд, ки ин асбоби вазнинро даст ба даст то ба Хоруғ бирасонанд… Пианина дар клуби офитсерони отряди Помир ҷой гирифт.  

Мувофиқи ривоятҳо, сокинони маҳаллӣ шомгоҳон дар зери деворҳои қалъаи казак ҷамъ омада, садои ин асбоби нодирро гӯш медоданд ва садои ширини он сукути кӯҳҳои осмонбӯсро вайрон карда мардуми маҳаллиро ба рақс меовард.

“Агар ба рӯйдодҳои як аср пеш баргардем, бояд гуфт, ки пас аз инқилоб кормандони гарнизони подшоҳӣ бо сабабаҳои гуногун ба Ҳиндустон гурехтанд. Пианина дар қалъа матои сурхро ба бар карда, мисли як бозичаи номақбул боқӣ монд.”,-мегӯяд муҳаққиқ Чарсемак Чарсемаков.

Солҳои 20-ум асри 19 яке аз сарбозони Артиши Сурх ба Беккер зиндагии нав бахшид. Ҳамин тавр зиндагии дубораи Беккери олмонӣ оғоз шуд.

То миёнаи солҳои 70-ум пианинаи мазкур дар хонаи маданият ва фарҳанги шаҳри Хоруғ истифода бурда мешуд. Сипас ин асбобро ёдгории таърихӣ дониста, ба ҳимояи давлат супурданд.

“Соли 1975 ин асбоби нодири таърихӣ аз тарафи сарҳадбонони рус ба осорхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ тақдим карда шуд. Пианинаи “Беккер” сохти Олмон буда, соли 1875 истеҳсол шудааст ва ҳамон соле, ки ба осорхона тақдим гардид, аллаккай сад сол дошт. Мо ният дорем, ки дар ояндаи наздик онро аз нав барқарор кунем.”,- мегӯяд  корманди осорхонаи вилоятӣ Чарсемаков.

Зиёда аз 40 сол аст, ки пианинаи кӯҳнаи  “Беккер”дар осорхонаи таърихии Хоруғ нигаҳдорӣ мешавад ва ёдгории таърихиест, ки ҳангоми ҷустуҷӯ дар бораи он, бисёр паҳлӯҳои дигари таърих варақгардон мешаванд.

Рафоат Қудратбекова

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button