Олимҷон аз 15-солагӣ дар мусобиқаҳо ширкат мекунад

Бозиҳои олимпӣ ҳар 4 сол як маротиба баргузор мегардад ва варзишгарон кӯшиш мекунанд, ки дар мусобиқаҳои минтақавия ҷаҳонӣ холҳои назаррасро ба даст оранд то ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёбанд.

Варзишгарони мо низ талош мекунанд ба олимпиадаҳои ҷаҳонӣ роҳ пайдо кунанд. Имсол ба 10 варзишгари тоҷик муйясар гардид, ки ба Токио сафар намоянд.

Ин навбат дар бораи яке аз онҳо, ки дар риштаи шиноварӣ тамрин мекунад, бароятон маълумот пешниҳод менамоем. Қаҳрамони мо- Олимҷон Ишамови 23-сола буда, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ мебошад. Олимҷон Ишанов тариқи саҳмияи универсалии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ имкони иштирок дар Олимпиадаи имсоларо ба масофаи 50 метр пайдо кард.
Мувофиқи муқаррароти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ, кумитаҳои миллии олимпие, ки варзишгарони дараҷаҳои “А” ва “В”-ро миёни мардон ва занон надоранд, иҷозат дода мешавад, ки дар яке аз мусобиқаҳои варзишӣ беҳтарин варзишгарро пешниҳод намоянд.

Ҳамин тариқ Олимҷон Ишанов узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо касби 336 хол мавқеи беҳтарро соҳиб шуд ва роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст овард.
Ӯ иштирокчии Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де Жанейро-2016 ва Чемпионати ҷаҳон оид ба навъи варзиши обии соли 2019 дар Корея мебошад.

Олимҷон мегӯяд, аз соли 2012, яъне, 15-солагӣ дар мусобиқаҳо иштирок мекунад:
-Имрӯзҳо вақтамро беҳуда намегузаронам ва пайваста тамрин мекунам то ҷойи аввалро соҳиб шаваму Ватанамро дар ҷаҳон муаррифӣ намоям .
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои олимпӣ аз 23 — юми июл то 8-уми августи соли 2021 дар Токио баргузор мегардад. Олимҷон бошад 26- уми июл ба хотири рақобат ба Ҷопон парвоз мекунад.

Аминҷон Раҳматзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button