Рафоат аз 13 навъи варзиш медал дорад

Рафоат дар гуштини миллӣ, тенис, бокс, футбол, волейбол, давидан, шашкаву шоҳмот, чавгонбозӣ, ҳендбол ва ғайра медал ба даст овардааст.

Ӯ дар зоҳир ба писарон монанд аст ва инкор намекунад, ки афроди зиёде фарқ гузошта наметавонанд, ки духтар аст ё писар.

Қиссаеро аз даврони наврасиаш нақл мекунад, ки бо шуниданаш разми Гурдофарид ва Суҳроб пеши назар меояд, “дар шаҳри Бохтар бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз гуштин ташкил гардид. Ҳамроҳи падарам дар варзишгоҳ ҳузур пайдо кардем. Ман ҳам ба майдон ворид шуда, бо ҳарифони худ, ки ҳамагӣ писарбачаҳо буданд, пайи ҳам ғолиб омадам.

То  замоне, ки кӯлоҳам аз сар наафтода буд, касе ба духтар будани ман бовар надошт. Баъд аз ин ҳолат ҳама ба маҳорати ман аҳсан гуфта маро ҷонибдорӣ мекарданд. Он рӯз хурсандиҳои падарамро дида, шавқи варзиш дар дилам бештар шуд. Бинобар ин, ба мактаби варзишӣ рафтам.”

Дар оилае, ки Рафоат ба дунё омадааст, ҳама дӯстдори варзиш ҳастанд. Падари хонадон-Қиёмиддин Қуватов барои ба ҷодаҳои баланд расидани Рафоати шуҷоаш тамоми шароитро фароҳам овард. Рафоат соли 2016 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шуд.

Рафоат, ки бештар бо тарзи болибоспӯшӣ, шакли ороиши муй ва роҳгардиву имову ишора ба писарон шабоҳат дошт, бисёриҳо фарқ гузошта наметавонистанд, ки духтар аст ё писар. Дар ин бора худи Рафоат бароямон чунин қисса кард: “дар курси якум мехондам. Боре як омӯзгор барои гузаштан аз дарси маҳорат ҳамкурсонамро ба ду гурӯҳ- писарон ва духтарон тақсим кард. Бе ягон ду дилагӣ бо як ишора маро ҷониби гурӯҳи писарон равон намуд. Ман низ ба гурӯҳи писарон пайвастам, вале ҳамкурсонам бо исрор ба устод фаҳмонданд, ки ӯ духтар аст, бояд дар гурӯҳи духтарон бошад… Ҳамчунин ҳодисаи дигар дар шаҳри Бохтар рӯй дод. Вақте ки дар синфи 10-ум мехонадам, намояндагони комисарияти ҳарбӣ маро “облава” карда бурданӣ буданд, вале баъд аз пурсу пос раҳоям карданд.”

Рафоат Қувватова қариб дар ҳама намуди варзиш маҳорати баланд дорад. Ӯ нахустин бор дар намуди гуштини самбо, (дар шаҳри Тошканд) ки кишварҳое зиёде ширкат карданд,  соҳиби мақоми сеюм гардид. Баъд аз муваффақиятҳои зиёд дар мусобиқаҳои дохилӣ Рафоат маҳорати худро сайқал дода, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриҳои Қазокистон, Туркманистон, Узбекистон Русия ва дигар давлатҳо аз рӯйи намудҳои варзиши ҳендбол ва чавгонбозӣ Тоҷикстонро намояндагӣ кардааст: “шиори ба як мард чил ҳунар кам аст”,-танҳо хосси мардон набуда, ба занону духтарон низ тааллуқ дорад. Ҳарчанд дар беш аз даҳ навъи варзиш рақобат мекунаму донишкадаро бо ихтисоси чавгонбоз хатм кардам ва шомили тими ҳендбол гаридам, вале аз гуштини миллӣ дил канда наметавонам.”

Ин варзишгар ҳамаи занону духтаронро ба варзиш ташвиқ мекунад. Мехоҳад занону бонувони тоҷик бо варзиш дилбастагии зиёд дошта бошанд ва бо варзиш зебоию саломатии худро ҳифз намоянд:

“Барои зан ҳама намуди варзиш муфид аст. Вале намудҳои варзиши вазнин, аз ҷумла, вазнбардорӣ ва боксро тавсия намедиҳам. Чунки ҷисми зан нисбат ба мард нозук буда, ба вазнинӣ ва зарбаҳои сахт тобовар нест. Аз ин рӯ, бештар ба духатрон давидан, чавгон, тенис, футбол, волейбол, ганбол ва дигар намудҳои варзиши сабукро тавсия медиҳам.”

Айни замон Рафоат Қувватова дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар кафедраи чавгон ба донишҷӯён нозукиҳои ҳунари чавгонбозиро меомӯзонад ва ҳамчунин дар тими занонаи ҳендбол бозӣ мекунад.

 Мирсаид Сатториён

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button