Ҳунармандӣ

З. Собиров: Фикр кардам баъди намоишгоҳ талотум мешавад

Яке аз рассомони шинохтаи Тоҷикистон, поягузори ду равияи ҷадид дар санъати тасвирӣ Зокир Собиров 70-сола шуд. Рӯзноманигор Хуршед Фозилов ин рассомро дар зодгоҳаш-Панҷакент пайдо намуда, бо ӯ суҳбате анҷом дод, ки фишурдаашро пешниҳоди Шумо мегардонем.

Ду равияе, ки дар Тоҷикистон ҷорӣ кардед, кадом равияҳо аст ва чи ном доранд?

— Нурворизм ва танворизм. Нурворизм –аз нур асар офаридан ва танворизм — аз матоъ сохта мешавад. Ақидаҳое ҳастанд, ки рассомӣ ин гуноҳ аст ва ба Худо ширк овардан будааст. Дуруст аст, вақте ман табиатро тасвир кунаму дар он ҷон дода натавонам… Агар шумо чизеро ба таври дигар, ба таври нав офаред, ин кори дигар аст.

– Яъне? Ончи Шумо меофаред аз кори дигар рассомон фарқ дорад?

 — Бале. Барои мисол агар Собиров гӯянд, дарҳол мефаҳмед, ки тарзи асар офаридани ман чи гуна аст. Дар равияҳои Танворизм ва Нурворизм то ҳол касе кор накардааст.

 — Дастовардҳои Шумо дар ҳамин равияҳо?

— Се маротиба дар Амрико соҳиби медали тилло ва ҷоизаи “Уқоби тиллоӣ” гардидам. Дар давлати Хитой, дар Намоишгоҳи ҷаҳонӣ (ЭКСПО) иштирок карда, ду асарро дар равияи нурворизм ба намоиш гузоштам, ки дар онҳо симои устодон — Мумин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ таҷассум ёфта буд. Баъди тамошои кори ман президенти Академияи рассомони Федаратсияи Русия маро ба Маскав даъват намуда, ба ман унвони Академики фахрии Академияи рассомони Руссияро тақдим кард. Соли 2018 дар Украина унвони Рассоми беҳтаринро ба ман доданд.

— То имрӯз чанд асар эҷод кардаед?

— Намедонам… шояд 200 адад бошанд… Вале ин теъдод кам аст ва ин тасвирҳо дар ҳамин ду равия мебошад.

Он тасвирҳое, ки қаблан офаридам ҳамаашро ихтисор кардам ва ҳисоб намекунам…

— Ҳамин ду равияро кадом сол ихтироъ кардед?

— Соли 1997… соли 2006 аввалин бор дар музейи К.Беҳзод асарҳои худро ба намоиш гузоштам ва гумон кардам, ки баъди ин намоиш аз тарафи журналистон як талотум ва “ревалютсия” дар соҳаи фарҳанг мешавад. Неее… ҳама хап, то имрӯз хомӯшанд!

— Мегӯянд шумо вақте дар интернати Панҷакент мехондед, ба сурудхонӣ ва сарояндагӣ шавқ доштеду дар озмунҳо иштирок мекардед…

— (Механдад) Бале, ҳамин гуна буд. Дар соҳаи мусиқӣ бисёр дилгармӣ доштам. Мактаби мусиқӣ ҳам хондаам. Лекин ба ин роҳ нарафтам.

— Агар ба шумо пешниҳод кунанд ки ягон бино ё муҷассамаи ғайриоддӣ тасвир кунед ва мо месозем, шумо омодаед?

— Ҳама вақт омодаам!

 Агар пешниҳод шавад шумо чи идея доред?

— Намедонам… вобаста ба мавзӯъ… Варзишгоҳ, театр, хона ё завод…чизе меофарам, ки дар ягон гӯшаи дунё набошад.

-Таваҷҷӯҳи ҷавонон имрӯз ба рассомӣ чи гуна аст?

— Нест! Дар мактабҳои рассомӣ табиатро копия карданро меомӯзонанд. Эҷод карданро касе намеомӯзонад. Ман ба чанд рассом пешниҳод кардам, ки биёед дар соҳаи наққошӣ баъзе идеяҳо медиҳам, худатон муаллиф шавед, роҳ нишон медиҳам чизи нав офаред. Қабул накарданд…

Ташаккур барои сӯҳбат!

Хуршед Фозилов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button