Қалъаи Чилҳуҷра? Ростқавлона бигуед, ки оё ин ном бароятон ошност?

Оё  медонед ки:

-аввалин ва қадимтарин асбобҳои мусиқие, ки дар Точикистон дарёфт шудаанд, маҳз аз ҳамин Чилҳуҷра пайдо гардидаанд;

-Чилҳуҷра ба асрҳои 5-9 мансуб аст;

-дар Чилҳуҷра санаду ҳуҷҷатҳое  ёфт шудаанд, ки дар бораи парастиши дини зардуштӣ маълумот медиҳанд;

 -услуби хатҳои дар  Чилҳуҷра пайдошуда ба услуби хати ҳуҷҷатҳои қалъаи Муғ шабоҳат дорад.

Ва оё номи Бунҷикатро ба ягон номи монанд иштибоҳ намегиред. Агар  ба ин саволҳо ҷавоби дуруст дода наметавонед, пас моро дар ин мақолаи кутоҳ оид ба яке аз ёдгориҳои   муҳими кишвар пайгирӣ кунед.

Қабл аз ҳама номи  Бунҷикатро ба ягон номи монанд махлут накунед, Буҷикант шаҳри бостониест, ки  дар қаламрави Шаҳристони имруз ҳануз дар асрҳои 5-6 вуҷуд дошт.  Аз ин тарихи куҳан мавзеи боқӣ мондааст, ки дар илми бостоншиносӣ  аз охири асри 19 бо номи қалъаи Чилҳуҷра маъруфт аст

Чилҳуҷра  дар масофаи 2,5 км ҷанубтар аз Шаҳристон воқеъ аст. Қалъа ба шакли кӯшки мураббаъ буда,  дар болои теппаи баланде аз хишти хом бино ёфтааст, ки сохтмонаш се даврро дарбар мегирад. Чилҳуҷра ба асрҳои 5-9 мансуб  аст. Он солҳои 1961-1965  аз тарафи бостоншиносон – Н.Н.Неъматов ва Е.Д.Салтовский омӯхта шудааст.  Ин бинои дуошёнаи қасрмонанде буд, ки деворҳои ғафс ва бурҷҳои муҳкам дошт. 

Чилҳуҷра   борҳо аз нав сохта шудааст. Хонаҳои ошёнаи якум ва қисме аз хонаҳои ошёнаи дуюм дар марҳилаҳои аввали тадқиқот дар ҳолате боқӣ монда буданд, ки тавонистанд бостоншиносон ба мо дар бораи сохти аслию аввалаи иморат  маълумоти кофӣ диҳанд.

Аммо имрӯз бинобар ҳифз нагардиданаш ба харобае монанд асту бас.

Дин

Аз баъзе кӯшкҳои иморат расму суратҳо ва кандакориҳое пайдо шудаанд, ки аз рӯйи онҳо дар бораи дини шаҳристониҳо тасаввурот ҳосил кардан мумкин аст. Масалан, аз он ҷо санаду ҳуҷҷатҳое  ёфт шудаанд, ки дар бораи парастиши дини зардуштӣ маълумот медиҳанд.

Забон ва хат

Забони шаҳристониҳо аз зумраи лаҳҷаи забони суғдӣ ба ҳисоб меравад. Аз Чилҳуҷра ҳуҷҷатҳое ёфт шудаанд, ки дар рӯйи тахтаҳо бо ранги сиёҳ сабт гардидаанд. Яке аз ҳуҷҷатҳое, ки пурра ба дасти мо омада расидааст аз ин қабил буда, В.А.Лившис онро хондааст. Дар қафои тахтача чунин ибора навишта шуда буд: “Нависанда Гушнаспич бо супориши  Фарнарч”. Услуби хати мазкур ба услуби хати ҳуҷҷатҳои қалъаи Муғ, ки дар Истаравшан воқеъ аст, басо монанд аст.

Он  ҳам ҷолиб аст, ки   дар Шаҳристон низ котибони касбӣ будаанд ва номи баъзеашон  боқӣ мондааст

Мусиқӣ

Аввалин ва қадимтарин асбобҳои мусиқие, ки дар Точикистон дарёфт шудаанд, маҳз аз ҳамин Чилҳуҷра пайдо гардидаанд. Масалан, яке аз онҳо уди бачагонае аст, ки аз қамиш сохта шуда, шаш сурохӣ дорад. Дигар асбоб  сараки дастаи уд аст, ки аз чор тор иборат аст. Дарёфт гардидани асбобҳои нодири мусиқӣ бозгӯи он аст, ки дар даврони худ Шаҳристон (Бунҷикат) соҳиби фарҳангу маданияти олӣ ва ғанӣ будааст.

Шоира Мадалиева

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button