Шахсияти Ҷомӣ аз дурбини Узбекфилм

O’zbekfilm

Узбекфилм (O’zbekfilm) филми мустанади “Абдураҳмони Ҷомӣ”-ро дар ростои сафари ахири Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба Тоҷикистон пешниҳоди тамошобини тоҷик гардонид.

Филми мазкур аз ҷониби синамогарони узбек таҳия  ва бори нахуст дар дар шаҳри Душанбе (дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров) намоиш дода шуд. Дар филми 25-дақиқаӣ таҳиягарон кӯшидаанд осору зиндагии шоири форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомиро нишон диҳанд. Инчунин дар филм бузургии Ҷомӣ ва дӯстии ӯ бо  Алишер Навоӣ  бисёр возеҳу амиқ намоиш дода мешавад.

Ҷавоҳир Қосимов коргардон ва таҳиягар, филми мустанади “Абдурҳамони Ҷомӣ” – ро  дар намуди мустанади ҳунарӣ таҳия кардааст, ки сифати кори ӯ хеле олӣ дар пардаи синамо намоён буд. Ин шакл омода кардани филми мустанад миёни коргардонҳои сатҳи ҷаҳонӣ хеле машҳур аст ва аз таҳиягарон заҳмати зиёдро талаб менамояд. Зеро, дар ин навъи мустанад, дар баробари пажӯҳиши мавзӯъ, фазои таърихиро  бояд ба вуҷуд овард то ҳунарманд нақш офарад.

Рӯзноманигор ва шоир Бузургмеҳри Баҳодур мегӯяд, ба симо ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ бинандаи тоҷик ҳанӯз аз замони таҳсил дар мактаби миёна ошно аст. Ҳамин буд, ки ҳангоми тамошои филм ҳозирин дар толор ҳар намо ва сухани таҳиягаронро дарк мекарданд. Инчунин тамоми филм бо забони тоҷикӣ таҳия шудааст, ки бинандаи тоҷик ҳангоми тамошо ба мушкилии тарҷумаи забон дучор намегардад.

Рассом Тоҳири Назар ба ин бовар аст, ки ҳарчанд солҳои охир сохтани филмҳои мустанад аз ҳаёт ва рӯзгори шахсиятҳои таърихӣ аз сӯи коргардонҳои ватанӣ ба назар мерасад, аммо то ҳол аз ҷониби синамогарони тоҷик дар ин сатҳ филми мустанаде аз рӯзгор ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ таҳия нагардидаст. 

Бинанда ҳангоми тамошои филми мустанади “Абдурҳамони Ҷомӣ” дарк мекунад, ки ҳадаф аз таҳияи чунин филм, мустакам кардани дӯстӣ миёни ду миллат-тоҷику узбек аст.

Бояд гуфт, А. Ҷомӣ дӯстони бисёр дошт ва яке аз шогирдон ва дӯсти беҳтаринаш Алишер Навоӣ буд. Муносибати онҳо на ҳамчун устоду шогирд, балки мисли ду дӯсти ҷонӣ, ду ҳамкору ҳаммаслак буд. Абдураҳмони Ҷомӣ оилаи хуб ва фарзандони лоиқ дошт. Вале се фарзанди адиб дар тифлӣ ва хурдсолӣ вафот карданд. Албатта, вафоти фарзандон қалби адибро ба шӯру ғалаён овард. Дар мотами фарзандон Ҷомӣ ашки ғаму ҳасрат рехт, оҳи ҷонсӯз аз дили пурсӯз баровард. Ӯ дар марги фарзандон марсияҳо сурудааст, ки дар онҳо сӯзу гудози падари доғдида басо муассир ифода ёфтааст:

 

Одина Маҳмад

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button