Ҳунармандони Тоҷикистону Ӯзбекистон барои барномаи конесертии “Шоми дӯстӣ” омодагӣ мебинанд

Ҳайати беш аз саднафараи ҳунармандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон  бо шумули ҳунармандони халқӣ, мақомсароён, мутрибон, раққосон тайи дӯ рӯз аст, ки дар Душанбе қарор доранд ва барои барномаи муштараки консертии “Шоми дӯстӣ” омодагӣ мебинанд.

Юлдуз Усмонова ва Фаррух Зокиров сарояндагони эстрадаи Ӯзбекистон ин шом бо ин ҳайат мепайванданд.   

Барномаи муштараки консертии устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон бо номи “Шоми дӯстӣ” 10 июни соли равон дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” дар назар буда, ин чорабинии фарҳангӣ бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки рӯзи 10 июн бо сафари расмӣ ба пойтахти Ҷумҳурӣ меояд, доир мегардад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар барномаи муштараки консертӣ зиёда аз 150 нафар ҳунармандони шинохтаи кишвар бо иштироки Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Тулқун Тоҷибоев, Нигина Амонқулова, Ситораи Кароматулло, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, ансамблҳои рақсии “Гулрез”, “Ҷаҳоноро”, “Лола”, “Парасту”, “Базморо” ва ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобов, аз ҷониби Ӯзбекистон ҳунармандон Озодбек Назарбеков, Фаррух Зокиров, Юлдуз Усмонова, Абдуҳошим Исмоилов, Элмурод Аҳмадов, гурӯҳи мақомсароён, ансамблҳои рақсии “Ӯзбекистон” ва “Тошкент зеболарӣ” иштирок хоҳанд кард.  

Back to top button