Дастҳои гулофари Гулнамо

Гулнамо бо вуҷуди доштани имконияти маҳдуди ҷисмонӣ, ки модарзодист, аз синни 8-солагӣ ба бофтани ҷӯробу рӯймол ва тайёр намудани ҳар гуна бозичаҳо машғул аст. Ӯ ин ҳунарро аз модараш омӯхтааст. Гулнамо инчунин ба духтарони деҳа тарзи бофтани попӯшу ҷӯробҳои бадахширо ёд медиҳад.

Гулнамо Бекназарова соли 1980 дар деҳаи Сохчарви ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст. Маълумоти олӣ дошта, факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғро хатм кардааст:

“Азбаски бо ихтисоси худ кор наёфтам, ба бофтани ҷуробҳо ва тайёр кардани армуғонҳои хурдакак, ки харидорони зиёд дорад, машғул шудам. Хушбахтам, ки мӯҳтоҷи ҳеҷ кас нестам ва бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзиро пайдо менамоям.”,- мегӯяд Гулнамо Бекназарова.

Бозичаҳое, ки Гулнамо омода месозад, натанҳо писанди кӯдакон, балки сайёҳони хориҷӣ ва мардуми маҳаллӣ аст. Маҳсули дасти Гулнаморо ТҶ “De Pamiri”  харидорӣ мекунад.

“Гулнамо натанҳо як ҳунарманд, балки як шахси дорои тамоми хислатҳои неки инсонист.  Мо бо хоҳари Гулнамо аз соли 2009-ум ҳамкорӣ дорем. Армуғоне, ки Гулнамо омода мекунад, барои сайёҳон хеле писанд аст. Зеро бо кайфият ва сифати баланд сохта шудаанд.”, -мегӯяд Зуҳро Бердова, корманди ТҶ “De Pamiri”.

Гулхотун Беҳронова, модари Гулнамо, ки солҳои Шӯравӣ дар корхонаи бофандагии  шаҳри Хоруғ кор мекард, аз даврони кӯдакӣ ва ҷавонии Гулнамо чунин ёд мекунад:

“Духтарам аз хурдсолӣ кӯмакрасони ман буд. Вақте бузург шуду ба донишгоҳ  дохил шудан хост, маблағи шартномаро низ худаш пардохт. Хеле шод ҳастам, ки духтарам бо дастранҷи худ ризқу рӯзиашро пайдо мекунад ва мӯҳтоҷи касе нест.”, -мегӯяд Гулхотун Беҳронова. 

Рафоат Қудратбекова

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button