Сигор саратонзост! Ҷомеа дар ин бора медонад? (Пурсиш)

Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳар сол кишварҳои мутараққии саноатӣ аз 7 то 15 фоизи хароҷоти буҷаи хешро ба табобату пешгирии бемориҳои вобаста ба маҳсулоти тамоку харҷ мекардаанд. Ҳамчунин ҳаҷми зарар аз истифодаи тамоку ба вазъи саломатӣ ва молиявии сокинони сайёра дар як сол бештар аз 200 миллиард доллар ҳисоб шудааст.

Ҳамасола 31 май Рӯзи умумиҷаҳонии  мубориза бо тамоку қайд мегардад. Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  ҳар сол дар ҷаҳон тамоку қариб 6 миллион нафарро  ба ҳалокат мерасонад, ки ин дар маҷмӯъ назар ба фавт аз ВНМО, сил ва вараҷа зиёдтар аст.  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешгӯӣ мекунад, ки агар дар ин самт тадбирҳои фаврию якҷоя  андешида нашаванд, ин шумора то соли 2030 метавонад аз 10 миллион нафар зиёдтар гардад.

Тибқи як тадқиқоти баҳодиҳии ахир дар Тоҷикистон, зиёда аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд. Аз ин шумора 78 % мардон, 10 % занон буда, 12 %-ро наврасон ташкил додаанд.

Мутаассифона, дар ин росто, кашидани нос низ зиёд будааст. Маркази миллии мониторинг ва пешгирии наъшамандии кишвар мегӯяд, зиён аз нос низ бузург буда, нос шахсро гирифтори бемории саратони табобатнашаванда мегардонад. Аз истеъмоли нос инсон метавонад ба бемории майнаи сар, ковокии даҳон, милки дандон, сурхной ва меъда гирифтор шуда, зарари расида метавонад ба бемориҳои саратони ковокии даҳон, илтиҳоби меъда (гастрит) гардад.

Дар Тоҷикистон тибқи регламенти техникии «Маҳсулоти тамоку» ширкатҳои истеҳсолкунанда ва воридкунандаи сигор дар рӯй ва пушти қуттии сигор дар мавриди зиёновар будани сигоркашӣ ба саломатӣ навиштаҷот ё акс насб кунанд ва ин маълумот ва ё акс бояд дар масоҳати на камтар аз 50 дар сади рӯй ва пушти қуттии сигор бояд дарҷ шуда бошад. Маълумот дар бораи зиёни сигор ба саломатӣ дар рӯйи қуттӣ ба забони тоҷикӣ ва дар пушти он бояд ба забони русӣ навишта ва ё мунъакис гардад.

Аммо ин регламент муғойират ба қонун дошта, тибқи талаботи  қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» маълумоти огоҳкунанда ва иловагӣ дар борҷомаҳои тамоку бояд на камтар аз 75 дарсади масоҳати умумии борҷомаро ташкил диҳад.

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, сабаби асосии зиёд гаштани истеъмоли тамоку тарғиби нокофии зиёни он аст.

Дар пурсиши зер бубинед, ки ҷомеа бобати зиёни тамоку чиро медонад:

Бахтиёр Комилов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button