“Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур!” 28 май-Рӯзи ҳамсояҳо

Муносибатҳои инсонӣ ниҳоят нозуку мураккаб аст, махсусан робитаҳои иҷтимоӣ, ки байни ҳамсояҳо ба амал меоянду гоҳо ҳамсоя аз хешованду дӯсти беҳтарин наздиктар мешавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин навъи муносибатҳо дар ҷомеа, аврупоиҳо як ҷашни ғайриоддиро ихтисос доданд-“ Рӯзи ҳамсояҳо”, ки аз соли 1999 ба ин сӯ таҷлил мешавад.

Айни замон тақрибан дар 1400 шаҳрак ва шаҳрҳои бузурги зиёда аз 30 кишвари Аврупо ҷашн гирифта мешавад.

Соли 1990 гурӯҳе аз сокинони ноҳияи 17-уми Париж Анҷумани “Paris d’Amis” -ро таъсис доданд. Он барои сафарбар кардани мардум алайҳи инзиво тамаркуз мекард. Аввалин “Рӯзи ҳамсояҳо” аз ҷониби Paris d’Amis дар соли 1999 ташкил ва дар ҷашн зиёда аз 10 000 нафар сокини 800 бинои истиқоматӣ ширкат варзиданд.

Дигар ноҳияҳои Париж ва шаҳру деҳоти Фаронса ба он пайравӣ карданд. Соли 2003 Белгия ба ҷашни Рӯзи ҳамсоягон ҳамроҳ шуда, маъракаро ба сатҳи байналмилалӣ расонид.

Ин рӯзро аллакай миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон таҷлил мекунанд ва ин сана бори дигар собит мекунад, ки ҳамсоядорӣ чи қадар  муҳим аст.

Рӯзи ҳамсояҳо як падидаи ҷаҳонӣ шуда, ин санаро миллионҳо одамон дар 49 кишвар таҷлил мекунанд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки одамон мехоҳанд якҷоя зиндагии хубе дошта бошад. Ин имконият барои арзёбии арзишҳо ба монанди ҳамбастагӣ, самимияту дӯстӣ ва барқарор намудани муносибатҳои беҳтар бо одамоне мебошад, ки дар атрофи мо зиндагӣ мекунанд.

Бинобар ин, ҳар яки мо қадами аввалро гузошта, бо ҳамсоягонамон муносибати хубе намоем. Зеро, “ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур” гуфтаанд.

Одатан 28 май дар “Рӯзи ҳамсояҳо” аврупоиҳо ба ҳамсояҳои хеш ташаккур мегӯянд, гулдаста тақдим менамоянд, бо ҳам қаҳва менӯшанд ё нишастҳои оилавӣ ташкил намуда,  барои кӯдакон бозиҳои гуногунро ба роҳ мемонанд.

Ин ид дар бархе кишвар дар санаҳои гуногун таҷлил мешавад. Дар Амрико 28 сентябр -Рӯзи милли ҳамсоядорӣ (National Neighbor Day) ихтисос дода шуда, аз соли 1978 ба ин сӯ қайд мешавад…

Вале “Рӯзи ҳамсояҳо” ба ин маъно нест, ки ҳамагӣ як рӯз чеҳраи кушода бо ҳамсоя дошта бошем. Бояд ғамхорӣ ва самимияту дӯстӣ бо ҳамсоягон абадӣ бошад.

Ҳамсоядорӣ дар ҳеҷ китоб ё дине накӯҳиш нашуда, баръакс аз он як падидаи мусбат васф мешавад. Дар ҷомеаи суннатии мо, ҳамсоядорӣ ва эҳтироми ҳаққу ҳуқуқи он рукни муҳим унвон шуда, “Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар” дониста мешавад.

Дар ҳамин ҳол Мансур Назаров, сармутахассиси Кумитаи дин дар як матлаби хеш таъкид мекунад, ки Паёбари ислом (с) шеваи рафтори ҳамсоягон бо якдигарро дар таъмини саодат ва осоиши инсонҳо муассир медонистанд ва ба асҳоби киром амр менамуданд, ки дар ҷое хона обод кунанд ва сукунат кунанд, ки битавонанд аз неъмати вуҷуди ҳамсоягони шоистатар баҳраманд шаванд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button