Ҷ. Назаров бо харҷи 1500 сомонӣ ҳавопаймои бесарнишин сохт

Ҷамшед Назаров як ҷавонест, ки бо cохтани ҳавопаймоҳои бесарнишин устодону ҳамсолонашро дар ҳайрат гузоштааст.

Ин ихтироъкори ҷавон хонандаи синфи 11-и  мактаби №2-и шаҳри Хуҷанд буда, ҳамроҳ бо устодаш Ҷалол Раҳимов дар муддати як солу се моҳ бо сарфи маблағи ҳазору панҷсад сомонӣ  ҳавопаймои бесарнишине  сохтааст.

«Дар ҷаҳон намудҳои гуногуни ҳавопаймоҳои бесарнишин зиёд аст ва ҳар яке вазифаеро иҷро мекунад. Яъне, ҳавопаймои бесарнишин метавонад барои кашондани бор дар хоҷагии қишлоқ ва инчунин назароти сарҳад истифода шавад. Хавопаймои хурди бесарниши сохтаи мо аслан барои назорати сарҳад пешбинӣ шудааст. Тӯли ин ҳавопаймо ду метр буда, қанотҳояш 2,5 метр мебошанд.  Ҳавопаймо фосилавӣ идора  мешавад ва 2 километр метавонад парвоз карда, то 10 кг борро низ бо худ барад.», -мегўяд Ҷамшед Назаров.

Ба гуфтаи ин ҷавон, дар сурати дастгирӣ ёфтанаш имкон дорад, ки истеҳсоли онро ба роҳ монда, маҳсулашро ба фурӯш гузорад. Ҳамчунин бо такмили мушаххасоти техникии он  баландиву масофаи парвоз ва иқтидори борбардории онро зиёд намояд.

Дрони ихтироъкардаи Ҷамшед Назаров бо барқ паровз мекунад.

Ин  ҷавони навовар бо ихтирои худ дар озумуни  шаҳрии “Техникони наврас”-и вилояти Суғд ҷои аввал ва дар озмуни ҷумҳуриявии «Бозёфт»и Телевизиони кўдакону наврасон «Баҳористон» мақоми якумро соҳиб шудааст.

 Ин аввалин ихтирои Ҷамшед набуда, пеш аз ин як ҳавопаймои дигар  барои  боркашонӣ дар хоҷагии қишлоқ низ сохта буд:

«Шавқи сохтани чунин ҳавопаймоҳо аз синни 10-солагӣ пайдо шуд ва дар натиҷаи омӯхтану ҷустуҷӯҳои зиёд ва  роҳнамоии омўзгорон имрўз дар ин ҷода каме ҳам бошад, муваффақ шудам.»,-мегўяд Ҷ. Назаров.

Ҷамшед  имсол мактаби миёнаро хатм карда, нақша дорад, ки дар ҷодаи навовариву ихтироъкорӣ қадамҳои устувор гузошта, дар хориҷ таҳсили худро идома диҳад ва бо идеяҳои нав ба Тоҷикистон баргардад.

         Мирсаид Сатториён

Back to top button