Баҳодур Усмонов: мақсади асосиам медали олимпӣ аст

Соли гузашта, бинобар сабаби пандемияи COVID-19, барои бисёр варзишгарон соли муваффақиятҳо набуд. Аммо на барои Баҳодур Усмонов. Ӯ соли 2020 ба яке аз мақсадҳояш расид – роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро  ба даст оварда, инчунин худро дар бокси касбӣ санҷид.

Баҳодур Усмонов дар бокси касбӣ ду ҳарб гузаронд. Аввалин ҳарбаш дар доираи мусобиқаи “Shamo Boxing Promotion” моҳи декабри соли 2020 гузашт. Ӯ муқобили варзишгари русиягӣ Вилдан Минасов дар вазни 65кг ҳарб кард ва ғолиб шуд. Нерусанҷӣ 6 раунд идома ёфт ва Баҳодур тавассути холҳои бештар баранда шуд.

Ҳарифаш дар ҳарби дуюм, ки марти соли 2021 доир шуд, Бектош Кассенай аз Қазоқистон буд. Бектош то ин вақт 4 ҳарб гузаронида, дар ҳаммаш ғолиб шуда буд. Муҳорибаи Баҳодур бо Бектош дар вазни 61,5кг дар Москва гузашт ва Усмонов дуюм пирӯзишаро дар бокси касбӣ ҷашн гирифт.

Апрели соли 2019 Баҳодур Усмонов дар финали Чемпионати Осиё бар варзишгари Муғулистон Чинзогир Батаарсух пирӯз шуда, чемпиони Осиё шуд. Ин мусобиқа дар Бангкоки Тайланд баргузор шуда буд.

Акнун барои ҳифзи унвони чемпионӣ Баҳодур Усмонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки 24-31 май дар шаҳри Дубайи АМА баргузор мешавад, ширкат мекунад.

ТОЛОРИ НАЗАРНОГИР, КИ ВАРЗИШГАРОНИ МАШҲУРРО ДОДААСТ

Баҳодур Усмонов дар толори Мактаби захираҳои олимпӣ оид ба бокс тамрин мекунад. Инҷо муштзанони маъруфи кишвар Анвар Юнусов ва Мавзуна Чориева тамрин кардаанд. Солҳои охир ин толор барои Баҳодур хонаи дуюм ба ҳисоб меравад.

Толори варзишӣ шароити хуб надорад. Соли гузашта онро гӯё таъмири капиталӣ карданд, вале кор бо иваз кардани сақф тамом шуд. Рингро низ гирифтанд ва ҳоло барои он ки дар ринг машғулият гузаронанд, бачаҳо ба дигар толорҳо мераванд.

“Толор бояд васеъ карда шавад, ҷои либосивазкунӣ, оббозӣ сохта шавад. Ҳамаи инро ба мо танҳо ваъда медиҳанд. Мо ба чунин шароит одат кардаем, ба дигаргунӣ умед надорем”, — мегӯянд варзишгарон.

Тамринҳои варзишгарон бо иштироки Баҳодур Усмонов дар як рӯз ду маротиба баргузор мешавад – субҳу шом. Бачаҳо аввал дар саҳни толор медаванд ва баъдан машғулиятҳоро бо роҳбарии мураббии шинохтаи ҷумҳурӣ Мирзо Шамсиев дар толор мегузаронанд. Тамринҳо ҳар гунаанд – муштзанӣ, ҷаҳиш бо бандпарак ва ғайра.

“Мо дар тамринҳоямон ягон сир надорем. Асосан усулҳои маъмулӣ, комбинатсияҳоро иҷро менамоем. Барои ба пуррагӣ аз худ кардани усул, онро 10 000 маротиба иҷро кардан зарур аст”, — мегӯяд Мирзо Шамисев.

Баҳодур пас аз мусобиқаи Москва ба худ бисёр фишор намедиҳад. Ба ҳолати маъмулии тамрин оҳиста-оҳиста бармегардад. Ӯ мусобиқаи Москваро ба ёд меорад: “Мусобиқи шоми бокси касбӣ буд, ки асосан Артур Бетербиев ва Адам Дайнес вохӯрданд. Муҳорибаи ман бо Бектош Касенайи қазоқистонӣ дар ҷадвал ҳафтум буд”.

ЧАРО БОКС?

Баҳодур Усмонов бо хонаводааш дар ҳамсоягии Сайфулло Ҳабибов, ки муассиси клуби бокс буд, мезистанд. Клуб дар мактаби миёнаи №92, ки Баҳодур таҳсил мекард, воқеъ буд. Бачаҳои бисёр, аз ҷумла бародари Баҳодур ба тамрин мерафтанд. Баҳодур низ мехост баробари онҳо бошад.

“Вақте 9-сола шудам, бо машварати Ҳабибов падарам маро ба клуб бурд. Он ҷо назди мураббӣ Комил Лашкаров ба омӯзиши бокс шуруъ кардам. Барои худам ба бокс машғул мешудам, як ҳавас буд. Аммо вақте дар як мусобиқа иштирок карда, пирӯз шудам, қарор додам, ки ҷиддӣ тамрин кунам”, — мегӯяд ӯ.

Сипас пурра худро ба бокс бахшид. Баъд аз як сол аввалин медалро дар мусобиқа ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба даст овард. Аз соли 2009 тамринҳояшро зери роҳбарии мураббӣ Рустам Музаффаров идома дод. Якчанд маротиба чемпиони Тоҷикистон ва номзад ба Устоди варзиш миёни наврасон шуд.

Моҳи апрели соли 2013 дар Чемпионати Осиё миёни наврасон, ки дар Шимкенти Қазоқистон гузашт, иштирок кард.

“Пеш аз чемпионат ҳаяҷони зиёд доштам, вале мураббиён, падарам бо машваратҳояшон бароям рӯҳия бахшиданд. Дар ин мусобиқа аз бачаҳои мо танҳо се нафар ба финал баромаданд, ки якеаш ман будам. Бароям аввалин маротиба буд, ки ба майдони сатҳи байналмилалӣ қадам мондам. Ба хона бо “нуқра” баргаштам. Чемпионати Осиё, тавре мегӯянд, “чашмамро кушод”. Дар сафарҳои навбатӣ аллакай ба худ боварӣ доштам ва дар чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ медал ба даст овардам”, — идома дод Баҳодур Усмонов.

Баҳори соли 2019 дар Чемпионати Осиё дар Бангкок иштирок кард. То финал роҳ ёфт ва варзишгари муғулистониро мағлуб карда, унвони чемпиони Осиёро сазовор шуд. Медали тиллои Чемпионати Осиё пас аз 8 сол насиби варзишгарони мо шуд. Соли 2011 Анвар Юнусов чемпиони Осиё шуда буд. Моҳи марти соли гузашта бошад, ба яке аз мақсадҳояш расид – роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ.

БОКСИ КАСБӢ

Баҳодур Усмонов аз хеле барвақт андеша дошт, ки рӯзе дар бокси ҳирфаӣ худро месанҷад. Сабабҳо гуногун аст. Аввалан, ин намуди бокс маъруфтар аст. Муҳорибаҳои бокси касбӣ дар ҷаҳон маҳбубияти зиёд дорад. Дуюм, ин ҷо маблағи хуб медиҳанд. Барои варзишгар дар давраи карйераи варзишиаш дастгирии молиявӣ аз ҳар ҷиҳат зарур аст. Сеюм, муҳорибаҳои хуб дар омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ манфиат дорад.

Қаблан муштзанҳои касбиро ба Олимпиада роҳ намедоданд. Вале тибқи қоидаҳои имрӯза ба Бозиҳои олимпӣ варзишгаронеро, ки то 15 муҳориба дар бокси касбӣ доранд, роҳ медиҳанд.

Баҳодур Усомнов: “Медонистам, ки дар бокси касбӣ осон нахоҳад буд. Он ҷо раундҳо бештаранд ва ҳарифон пурзӯранд. Бо дарназардошти ҳамин нозукиҳо Мирзо Каримович маро омода кард. Дар муддати се моҳ чор муҳориба гузаронидем – ду муҳориба дар бокси касбӣ дар Москва ва ду муҳориба дар бокси нимакасбӣ дар Сочӣ”.

СИРРИ ПИРӮЗИҲО

“Ғалабаҳои асосии ман, Худо хоҳад, дар пеш аст. Вале ба ончи ки то имрӯз расидам, ҷиҳатҳои асосӣ хоҳиши зиёд, тамринҳои ҷиддӣ, роҳнамои ботаҷриба мебошанд. Агар муштзани ҷавон худаш барои расидан ба ҷое мақсад надошта бошад, хоҳиш надошта бошад, пас кӯшиш низ намекунад. Ҳамчунин, бе мураббии хуб ба гумон аст, ки дар варзиш ба дастовардҳои хуб расем. Ба ман дар ин самт иқбол ёр буд – мураббӣ Мирзо Каримович, ки аз ӯ на танҳо бокс меомӯзӣ. Ӯ инсони шариф, одил, хоксор ва фидокор мебошад. Инчунин, ӯ намунаи хуб барои мо — варзишгарони ҷавон мебошад. Ва албатта дар баробари ҳамаи ин, бе дастгириву кӯмаки наздикону пайвандон намешавад”, — мегӯяд Баҳодур.

Мухлисони Баҳодур солҳои охир хеле зиёд шудаанд. Дар ин боб чунин андеша дорад: “Албатта хушоянд аст, вақте туро дар кӯча мешиносанд, аҳволпурсӣ мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд ва пирӯзӣ мехоҳанд. Ман аз ҳамаи онҳо миннатдорам. Дар баробари онҳо, мухлисони асосиам волидонамро медонам. Онҳо ҳамавақт бо мананд – пас аз ғалабаҳои овозадор ва пас аз бохтҳои нангин”.

МАҚСАДИ АСОСӢ – МЕДАЛИ ОЛИМПӢ

Мисли ҳамаи варзишгарон Баҳодур низ як мақсади асосӣ дорад – медали олимпӣ. Тамоми кӯшишашро мекунад, то ба ин мақсад расад, на танҳо барои худаш, балки барои кишвар, барои онҳое, ки ҳамавақт бо ӯ буданд ва бо ӯ мемонанд.

Ба иттилои Мирзо Шамсиев, мураббии шинохта, пандемия зарбаи сахт на танҳо ба саломатии аҳолӣ, балки ба варзиш расонд. Соли гузашта садҳо мусобиқаи байналмилалӣ ё барҳам хурданд, ё ба вақти дигар гузаронида шуданд. Форуми ҷаҳонии варзишгарон – Бозиҳои олимпӣ дар Токиоро низ ба муҳлати як сол ба таъхир андохтанд. Дар баробари ин, бо сабаби нофаҳмиёҳо миёни Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ иштироки муштзанҳо дар Бозиҳои олимпӣ зери хатар афтод. Нигоҳ накарда ба ҳами ин мушкилот, Баҳодур тавонист роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст оварад, аммо барои расидан ба мақсади дерина ӯро лозим омад, то тобистони имсол интизор бошад. Бо сабабҳои гуногун Баҳодур наметавонад дар мусобиқаҳои байналмилалии берун аз кишвар ширкат кунад. Албатта ин ба манфиат нест, бе муҳорибаҳои хуб бо ҳарифони арзанда, бе ҷамъомадҳои машқӣ намешавад ба Олимпида бо тайёрии ҷиддӣ рафт. Вале мо даст рӯи даст гирифта нанишастаем ва омодагиро идома медиҳем. Дар Олимпиада дар вазни Баҳодур 28 варзишгар аз тамоми ҷаҳон ширкат мекунанд. Ҳарифон маълум нестанд. Барои ҳамин, усулҳои гуногуни боксро бо комбинатсияҳои гуногун кор карда истодаем. Вазифаи мураббӣ – дидани он ки шогирдаш ба чӣ натиҷаҳо расид ва боз чиро бояд омӯзад, мебошад. Дар муқоиса ба соли гузашта шогирди ман таҷрибаи бештари иштирок дар мусобиқаро гирифт, ӯ аз ҷиҳати ҷисмонӣ пурқувват аст. Баҳодур дар ояндаи наздик мумкин аст яке аз муштзанҳои беҳтарин на танҳо дар Осиё, балки дар ҷаҳон шавад. Ӯ метавонад, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ шавад. Ба ин мо умед ва бовар дорем.

Баҳодур Усмонов зимни тамрин

САФАРАЛИЗОДА У.

Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button