Даромади ночизу ҳиммати баланди чор кафшдӯз

Зафар Шарипов, Ҷамшед Рабиев, бародарон Хушбахт ва Садридин Нозимовҳо чаҳор кафшдӯзе ҳастанд, ки ахарин дар сомонаҳои иҷтимоӣ вирди забонҳо гардиданд.

Онҳо дар кӯчаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино ба таъмири пойафзол машғуланд ва солҳост, ки дар ин ҷо кор мекунанду рӯзона то 7 соат кафши мардумро таъмиру тармим менамоянд. Cоҳибе ҳеҷ гуна дуконе нестанд, дар канори роҳ зери чатрҳое, ки аз офтобу борон онҳоро ҳифз мекунад, ба кор машғуланд.

Ҳар чор кафшдӯз дар як  рӯз тақрибан ба 30 нафар хизмат мерасонанд ва ҳаққи хизматрасониҳояшон аз 10 сомонӣ шурӯъ мегардад.

Ин нафарон мегӯянд, хизматрасонӣ барои  шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ва оилаҳои камбизоат ройгон аст ва аз тариқи хабарнигори мо эълон доштанд, ки омодаанд ба ин табақа то қадри тавон кумак намоянд.

Онҳо имсол бахшида ба моҳи Рамазон иқдоми ҷолиберо роҳандозӣ карданд ва аз ин кори хайр даст кашиданӣ нестанд. Ин иқдом -таъмири ройгони пойафзол дар рӯзи ҷумъа аст ва минбаъд ба таври мудовим анҷом хоҳад шуд.

Довуд Акобиров

Back to top button