Дар Осорхонаи миллӣ селфи кун ва соҳиби туҳфа шав!

Ба муносибати Рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми ҷолиберо роҳандозӣ кардааст.

То 18-уми майи соли равон дар доираи чорабинии «Шабе дар Осорхона» озмуни махсуси селфии беҳтарин бо номи “Нигоҳи ман” баргузор мегардад, ки ҳадаф нишон додани як лаҳзаи фароғати тамошобин ҳангоми боздид аз осорхона унвон мешавад.

Онҳое, ки мехоҳанд дар озмун ширкат намоянд, бояд ба  саҳифаҳои расмии осорхона дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, Twitter, Вконтакте-и осорхона узв гарданд ва матлабашонро дар саҳифаи хеш бо ишораи иштирокчии озмун буданашон зикр намоянд.

 Омадан ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва аксгирӣ дар назди ягон экспонат (селфи) ва ё акси қаблан бардошта дар ин мавзеъро бо хештеги (панҷара) #осорхонаимиллиитоҷикистон бояд ба иштирок гузоранд.
-Барои ғолиби ҷойи якум миз барои 6 нафар дар чойхонаи «Шоми Душанбе» бо фармоиши хӯрокҳои лазиз ва шарбату нушокиҳо;

-Ҷои дуюм: миз барои 4 нафар ва торти фармоишӣ барои бо худ бурдани мизоҷ ба маблағи 150 сомонӣ аз маркази қаннодии «Шокалате»;

 -Ҷои сеюм купон аз « Атлас-таксӣ» барои хизматрасонӣ ба мизоҷ ба маблағи 150 сомонӣ.

Ба иттилои Осорхонаи миллӣ, рӯзи 18 – май бо ёрии барномаи махсуси рандомайзер ғолибон эълон карда мешаванд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button