Грантҳои 20, 40 — ҳазордолларии Сафорати ИМА ба рӯзноманигорон

Равобити дипломатии Тоҷикистону Амрико ҳамсини истиқлоли Тоҷикистон буда, 30-сола мешавад.

Маҳз ба муносибати 30-юмин солгарди равобити Амрико ва Тоҷикистон, Сафорати Амрико дар Душанбе грантҳоеро пешниҳод карда, ҳадафи онро ҳимояту тавсеаи расонаҳо ва имкониятҳои журналистикаи рақамӣ дар Тоҷикистон унвон кардааст.

Онҳое имконияти дастрасӣ ба ин маблағҳоро доранд, ки сафарҳои ҳисоботӣ барои рӯзноманигоронро ташкил мекунанд. Инчунин рӯзноманигороне, ки инфиродӣ фаъолият менамоянд ва онҳое, ки дар таҳрири видео, аксбардорӣ ва бастабандии мундариҷаи рақамӣ барои шабакаҳои иҷтимоӣ ба рӯзноманигорони худфаъолият кумак мекунанд, шанси гирифтани грантро доранд.  Ҳамчунин нафароне, ки сабт ва таҳрири силсилаи видеоҳои инъикоскунандаи муносибатҳои 30-солаи ИМА ва Тоҷикистонро анҷом медиҳанд, метавонанд ба грант дастрасӣ пайдо намоянд. Гуруҳи чаҳоруме, ки имконияти дастрасӣ ба грантҳоро дорад, истеҳсолкунандаи филми мустанад дар мавзӯи муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон бояд бошад.

Маблағи грант аз 20 ҳазор то 40 ҳазор доллар буда, барои лоиҳаҳои аз 6 то 8 моҳа пешниҳод карда мешавад. Ҳамаи дархостҳо бояд то 13 июни соли 2021 ба суроғаи: GrantProposalsDushanbe@state.gov ирсол шаванд.  

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button