Маҳмадбек Маҳмадбеков баррандаи мусобиқаи Grand Slam -2021

Паҳлавони тоҷик Маҳмадбек Маҳмадбеков медали тилло ба даст овард ва дар таърихи мусобиқаҳои Гранд Слам нахустин медали тилоест ки мо- тоҷикон дар ин риштаи варзиш ба даст овардаем.

Паҳлавони ҷавони тоҷик Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки алъон тими мунтахаби ҷудои Русияро дар сабқатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, рӯзи 6 май дар мусобиқаи бонуфузи Grand Slam Kazan 2021 дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон соҳиби мақоми аввал ва медоли тилло гашт. Маҳмадбек, ки дар вазни то 73 кило рақобат дошт, барои то ба марҳилаи ниҳоӣ (финал)-и мусобиқа расидан, панҷ ҳарифашро мағлуб кард. Ӯ дар даври аввал Зинг Антонӣ аз Олмон то ба финал панҷ рақибашро мағлуб кард, аз ҷумла писарамакаш- Сомон Маҳмадбековро, ки аз Тоҷикистон намояндагӣ мекард. Маҳмадбек дар нахустин набард Зинг Антони (Олмон), дар даври баъдӣ Рашид Маҳмадалиев (Озарбойҷон)-ро шикаст дода, дар марҳилаи сеюм бо амуписараш Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистон) вориди майдон шуд ва дар ин зӯрозмоӣ низ ғолиб омад. Сипас, Фердинанд Карапетян (Арманистон) ва дар даври панҷуму ниманиҳоӣ Тоҳар Бутбул (Исроил) –ро мағлуб кард. Дар қисмати ниҳоии мусобиқа Маҳмадбек бо узви дастаи мунтахаби Русия- Аюб Хаҷалиев вохӯрда, ӯро низ бо як усули зебо ба тахтапушт хобонд. Ҳамин тавр, дар таърихи ҷудои мо Маҳмадбек Маҳмадбеков нахустин тоҷикест, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи Grand Slam роҳ ёфт ва аввалин тоҷикест, ки барандаи медоли тилло гардид. Паҳлавонписари тоҷик 21 сол дошта, ҳамроҳ бо хонаводаашон дар шаҳри Иркутски Русия ба сар мебаранд. Маҳмадбек Маҳмадбеков дар деҳаи Вдоби ноҳияи Ванҷи ВМКБ, дар шарқи Тоҷикистон таваллуд шудааст.

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button