Маҳсули дасташ ба кишварҳои арабию Амрико расид

Саломҷон Деҳқонов аз рӯйи ихтисос муҳандис буда, замоне дар ҷамъияти саҳҳомии “Тамохуш” ва муддате дар ширкати сохтмонии “СУ-29” фаъолият намудааст. Аммо баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин корхонаҳо музди ночиз медоданду онро ҳам сари вақт пардохт карда наметавонистанд. Бинобар ин, Саломҷон касби дуредгариро пеша намудааст. Вале дуредгарӣ барои ӯ касби нав нест, балки пешаи авлодист, ки аз падару бобояш ба ӯ мерос мондааст.

Аз 9-солагӣ ҳамроҳи падари шодравонаш чӯбкорӣ мекардааст. Ҳарчанд писари ягонаи хонадон будаву падараш ӯро бисёр кор намефармуданд, аммо шавқи наҷҷорӣ дар дилаш ҳамеша ҷӯш зада ва бо амри дилу ҳавас ҳаракат менамудааст, ки нозукиҳои пешаи бобоиро омӯзад:

“Аслан, ман дар дарёфти мазмуну моҳият ва офаридаҳои худ кунҷков ҳастам. Яъне, тамсилаҳои чӯбиро аз ҳаёти воқеӣ мегираму онро дар чӯб ҳаккокӣ месозам ва дар шаклу намудҳои гуногун пешкаши муштарӣ менамоям. Албатта ашёҳои ниёзи мардум, ба мисли нонпару ҷӯба, косаву чумчаро месозам. Аз донаки зардолу бошад, тасбеҳҳо омода менамоям, ки алҳол дар шаҳри Дубайи Аморати Араб серхаридор мебошад”, мегӯяд ӯ.

Номгӯйи ашёе, ки Саломҷон Деҳқонов месозад, хеле зиёд буда, муштариёни худро доранд. Нонпару чӯба, тахтаю тирак, гулмонакҳо, косаю чумча, табақи чӯбин барои хӯрокхӯрӣ, қаламдонҳои гуногуну тахтаи сабзирезакунӣ, гаҳвораву  кати чӯбин, гули садбаргу лола, кафлезҳои грузиниву шамъдон, асову қамчин, зини аспу носкаду, кӯзаву тасбеҳ аз донаки зардолу аз ҳамин қабил мебошанд:

“Барои омода кардани ашё мо асосан чӯби зардолуро истифода мебарем. Зеро, зардолу хусусияти шифоӣ дошта, истифодаи ашёҳои аз чӯби зардолу хусусияти ҷавон нигоҳ доштани одамро доранд. Нафаре, ки аз ашёҳои аз чӯби зардолу омодашуда истифода мекунад, нисбатан ҷавон менамояд ва организми ӯ пириро эҳсос намекунад.”, тавсиф мекунад ин усто.

Саломҷон Деҳқонов имрӯз шогирдони зиёде дорад, ки ҳамроҳаш ҳастанд ва нозукиҳои пешаи дуредгариро аз ӯ меомӯзанд. Аз ҷумла наберагонаш кори ӯро омӯхта, ҳоло бемушкилӣ чумчаву косаро сохта истодаанд.

Фармоишҳо натанҳо аз дохили Тоҷикистон, балки берун аз он, аз ҷумла аз давлатҳои Гурҷистону Федератсияи Русия ва Қазоқистон муштариён муроҷиат менамоянд. Аммо барои омода кардани онҳо на ҳамеша вақт мерасад.

Ӯ дастранҷи худро борҳо дар чорабиниҳои фарҳангии вилоятиву ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузоштааст. Муаррифгари натанҳо зодгоҳаш – Навгилему Исфара, балки Тоҷикистон дар берун аз кишвар буда, ба гуфтаи худи ӯ, ҳатто дар Амрико низ маҳсулоти бомуҳаббат сохтаашро дидан мумкин аст.  

“Дар орзуи он ҳастам, ки муассисаҳои таълимӣ аз фанни технологияи таълими меҳнат дарсҳои намунавӣ ташкил карда, маро даъват намоянд то дастранҷи худро ба хонандагон нишон дода, аз нозукиҳои касби хеш гӯям. Шояд дар дили чанд нафаре шавқи дуредгариву косибӣ пайдо шаваду ин ҳунари зарурӣ равнақ ёбад.”,-мегӯяд Саломҷон Деҳқонов.

Дар навори зер кор бо асбоби худсохташ:

 

Фатҳулло САЙИДОВ, шаҳри Исфара

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button