Аввалин намоиши онлайнии санъати тасвирӣ дар Тоҷикистон

Рассоми тоҷик Далер Миҳтоҷов барои бинандагон намоиши онлайнии тасовирашро барномарезӣ дорад. Намоиши асарҳои рассомӣ дар платформаи махсус бори аввал дар Тоҷикистон багузор мегардад. Лоиҳа зери унвони “Роҳи сурх”-намоиши асарҳои санъати тасвириро дар бар мегирад.

Далер Миҳтоҷов мегӯяд, ибтидо дар амалӣ намудани ин лоиҳа шубҳа дошт. Зеро мутахассис набуд ва ин кор дар Тоҷикистон таҷриба нашуда буд то аз он пайравӣ шавад. «Ҳангоми суҳбатҳои тӯлонӣ ба хулоса омадем, ки ин лоиҳа амалишаванда мебошад.”, -мегӯяд ӯ.

Ҳоло сомонаи намоиши асарҳои санъати тасвирӣ дар ҳоли коркард қарор дорад. Дар ду ҳуҷраи калони галерияи вертуалӣ зиёда 48 асари рассом ҷой дода мешавад, ки мавзӯҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангиро фарогир мегирад.

Баргузории намоиши асарҳои рассомӣ тариқи интернет аз як тараф осон ва қуллай бошад аз ҷониби дигар аз чунин намоиш натанҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ҳаводорони санъати тасвирӣ аз кишварҳои гуногун  ба он дастрасӣ пайдо мекунанд.

 

Муаллиф: Одина Маҳмад

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button