Ашуралӣ Юсуфӣ: иллати бемориам, бознагардондани китобҳоям аст!

Ашуралӣ Юсуфӣ, сокини 79-солаи шаҳри Левакант бо беш аз  6 ҳазор китоб хонаашро ба китобхона табдил додааст. Даҳҳо толибилми муассисаҳои шаҳри мазкур барои дастрас кардани  китоб ба хонааш меоянд.

Ин мард миёни ҷомеа бо тахалуси Ашк Юсуфӣ маъруф аст. Солиёни зиёд дар рӯзномаву маҷаллаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ мақола, ҳикояву қиссаҳо менависад. Ӯ мегӯяд, аз китоб дида, дигар чизе барояш арзишманд нест ва кори ҳамешагиаш гирдоварии китоб аст.

Мавсуф мегӯяд, даҳҳо китобашро дӯстону рафиқонаш барои мутолиа бурданд, вале дигар барнагардонданд, ки ҳанӯз ҳам мунтазир аст, ки бозмегардонанд. “Дилам барои он китобҳо месӯзад, бо мушкилиҳои зиёд ҷамъ оварда будам. Вақте дӯстонам ба хориҷи кишвар мерафатанд, ба онҳо пул медодам ва бароям китоб меоварданд. Илати бемориям ин аст, ки китобҳоямро барнагардонинд.”

 Мавсуф соли 1967 факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст. Собиқаи 49-соли омӯзгорӣ дар яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Левакантро дорад.

Ашк Юсуфӣ фарзанд надорад, дар хона танҳо ба сар мебарад. Мегӯяд, фарзандони ӯ китобҳояш ҳастанд, ки шабу рӯз бо онҳо суҳбат мекунад. Чанд китоби ин мард бо заҳмату талошҳояш рӯйи чоп омаданд ва бархе нотамом мондаанд, ки ҳанӯз ҳам дилаш барои заҳамоташ месӯзад.

Аз соли 1990 ба ин сӯ, ҳар қаламе, ки ба дасти Ашк Юсуфӣ расидааст, ранги онро барои эҷоди чизе тамом карда, онҳоро дар қутӣ нигоҳ доштааст, ки барои бинандаи имрӯз аҷиб менамоянд. “Ҳар яки онҳо таърихи худро дорад, якеаш сохти давлати Рӯсия асту дигаре сохти кишвари Чин. Ҳар нафаре, ки ба кулбаи ман меҳмон мешавад, аз ин қаламҳои ранг надошта пурсон мешавад.”,-мегӯяд ӯ.

Ашк Юсуфӣ мехоҳад, ки мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант барояш китобхонаи хурд бунёд кунад, то китобҳои кулбаашро онҷо нигоҳ дорад ва мардуми шаҳр аз онҳо истифода намоянд.

Муаллиф: Амонҷон Муҳиддинов

Back to top button