Саидбек Машрабов: як табақро то 1000 сомонӣ мефурӯшам!

“Муҳим нест, ки ту кадом пешаеро интихоб мекунӣ, муҳим ин аст, ки ту касбатро дӯст медорӣ ё не.”,-мегӯяд Саидбеки табақсоз ва идома медиҳад, ки “шахс агар касбашро дӯст дораду аз сидқ ба он шуғл варзад, метавонад зиндагиашро беҳбуд бахшад.”

Саидбек Машрабов, сокини Ҷамоати деҳоти “Қумсангир”-и ноҳияи Ҷайҳун, яке аз табақсозони шинохта дар вилояти Хатлон аст.

Меҳнати ҳалол ӯро миёни хоссу ом соҳибэҳтиром гардонида, ҳамчун табақсоз муаррифӣ намудааст. Дастранҷи  ин марди ҳунар қадр мегардаду ӯ дар ҳама маҳфилҳо дастранҷаш ба намоиш гузошта мешавад.

Табақҳои сохтааш аз 5 то 1000 сомонӣ арзиш дорад. Фармоишгару харидорони маҳсули дасташ низ кам нестанд.

Ба гуфтаи Саидбек Машрабов, бо фарзандонаш давоми як рӯз то 15 табақ месозанд, агар маҳсулоти хом таёр бошад:

“Дар умум, давоми сол беш аз 1000 адад табақ месозем.”  

Саидбек ҳоло чанд дуконе дорад, ки дар онҳо дастранҷаш фурӯхта мешавад. Ҳамакнун ӯ дар бозорҳои Панҷу Ҷайҳун нуқтаи ҳунармандии худро боз кардааст.

“Даромади яксолаамро аз ҳисоби табақсозӣ дақиқ ҳисоб накардаам. Аммо камбуди молӣ дар зиндагӣ надорам. Фарзандон низ паҳлӯям ҳастанду 5-10 соли охир аст, ки ба муҳоҷират намераванд.

Бояд гуфт, ҳунари табақтарошӣ танҳо ба табақи чӯбин тааллуқ дошта, ин навъи табақ дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷануби Тоҷикистон то ба ҳол серистифодаву маъмул буда, ҳаҷму андоза ва шакли гуногун дорад. Онро дар дастгоҳҳои махсус ё ба даст метарошанд. Табақҳоро аз анвои гуногуни чӯб (чӯби бед, чормағз, тут, зардолу ва ғайра) метарошанд.

Муаллиф: Низомиддин Иссоев

Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button