Донишҷӯ шудан мехоҳӣ? Шитоб!!!

Барои бақайдгирӣ ба имтиҳонҳои дохилшавӣ 15 рӯзи дигар боқӣ монд.

Марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ то 15-уми апрели соли равон идома меёбад ва барои аз қайд гузаштан дар 34 шаҳру ноҳия 40 нуқтаи бақайдгирӣ  таъсис шудааст. 

Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон огоҳ кардааст, ки дар ин муҳлат довталабон бояд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.

Довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён бо дарназардошти муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ҳамаи шаклҳо ва намудҳои таҳсил (ройгон, пулакӣ) интихоб карда метавонанд.

Маркази миллии тестӣ таъкид намудааст, ки “эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку ваъдаҳои авомфиребонаю бардурӯғ аз ҷониби қаллобон дар бобати довталабонро дохил кардан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, довталабон ва волидайну дигар наздикони онҳоро зарур аст, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд ва ба доми чунин қаллобон наафтанд/”

Арзиши хизматрасонӣ дар марҳалаҳои бақайдгирӣ чунин муқаррар гардидааст:

— 240 (дусаду чил) сомонӣ– барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11-ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ;

— 180 (яксаду ҳаштод) сомонӣ– барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум);

— 25 (бисту панҷ) сомонӣ – барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалӣ.

Шахсони то 21-солае, ки ятими кул ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ озод ҳастанд.

Онҳое, ки мехоҳанд бобати бақайдгирӣ маълумоти бештаре рӯйи даст дошта бошанд, дастури иттилоотию методии Роҳнамои довталаб -ро мутолиа намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон аз рӯзи 1‑уми марти соли 2021 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз намуда буд.

Инчунин аз рӯзи 9‑ум то 20‑ум марти соли 2021 дар ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Шаҳристон, Дӯстӣ, Хуросон, Муъминобод, Темурмалик ва Роштқалъа нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон амал намуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button