Бунёди пул бо нафақа

Аз рӯйи пули чубини фарсуда сарозер шудани онҳое, ки тобутро мебурданд, як зани бознишастаро водор кард, ки аз рафтани ҳаҷ худдорӣ ва маблағи гирдоварда ба ин мақсадро барои бунёди кӯпруки устуворе сарф намояд.

Як зани 72-сола аз ҳисоби нафақаву мукофотпулиҳо дар деҳаи Ғудоси ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт кӯпруки мошингузар сохт. Ин пиразан собиқадори меҳнат буда, барои бунёди ин кӯпрук беш аз 30 ҳазор сомониашро харҷ кардааст.

Дар арафаи таҷлили иди Наврӯз кӯпруки бо тӯли 6 метр ва паҳноии 3 метр дар ин деҳа ба истифода дода шуд. Қаблан болои ин дарёчаи деҳа кӯпруки чӯбине буд, вале айёми селфароӣ хароб мегардид. Акнун тавассути кӯпруки нави бетонӣ ба ҷуз пиёдагардон, мошин низ мегузарад.  

Ҳуринисо Саидалиева барои бунёди купруки устувору бетонӣ баъд аз як ҳодисаи нохӯш дар рӯйи купруки қаблии чубин тасмим гирифт:

“Як сол пеш вақти гузаронидани тобути зане кӯпруки чӯбин шикаст. Мардон тобутро эҳтиёт карданду чанд нафарашон ба сой афтоданд. Писари зани фавтида гуфт, ки агар тобути модари ман ба замин меафтид, аз дидани ин рӯз зиндагӣ накарданам беҳтар буд. Ҳамон ҳодисаи шикастани кӯпруки чӯбин ва рӯҳафтода шудани соҳибони майит бароям асар карду ман дар ҷояш кӯпруки мустаҳкам сохтам.”

Ҳуринисо Саидалиева афзуд, кӯпрукро холисан барои ҳамдеҳагонаш сохтааст ва ҳамакунун болои он одамон, нақлиёт ва чорвои сокинони деҳа мегазарад.

Дар рӯзи ба истифодадиҳии кӯпрук чанде аз масъулини ҳукумати ноҳияи Ашт, бо шумули раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо иштирок кардаанд.

Сомонаи расмии мақомоти ноҳияи Ашт навиштааст, кӯпрук аз ҳисоби маблағҳои барои сафари Ҳаҷ ҷамъоварикардаи собиқадори меҳнат Ҳуринисо Саидалиева бо харҷи 30 ҳазор сомонӣ сохта шуда, туҳфаи ҷашни Наврӯзӣ ба аҳли деҳа мебошад.

Саидалиева дар суҳбати телефонӣ бо низ тасдиқ кард, ки то се соли пеш ба хотири сафар ба Ҳаҷ нафақаву кӯмакпулиҳояшро ҷамъ мекард. Аммо баъди вафоти шавҳараш, ки ӯ низ собиқадори меҳнат буд, аз рафтан ба Ҳаҷ ба танҳоӣ худдорӣ кард ва хост маблағҳояшро ба кори хайр сарф кунад.

“Нафақаам 501 сомонӣ аст. Дар ҷашнҳои Наврӯз 500 сомонӣ ва дар ҷашни Истиқлолияти давлатӣ 1000 сомонӣ аз ҳукуматҳои вилояту ҷумҳурӣ мукофотпулӣ медиҳанд. Дар ду сол як бор барои истироҳату муолиҷаам давлат пул медиҳад. Аз ҳамин ҳисоб ман ҳамин кӯпрукро сохтам.”,-гуфт ин зани бознишаста.

Ин зани 72-сола баъди вафоти шавҳараш оромгоҳеро, ки ӯро дафн кардааст, аз ҳисоби худ чароғон кард. Маблағҳои ба нияти Ҳаҷ ҷамъоварикардаашро тасмим гирифт ба корҳои хайру ободонӣ сарф мекунад.

Ҳуринисо Саидалиева мегӯяд, замони Шӯравӣ дар колхози Калленини ноҳияи Ашт аз пешқадамони колхоз буд ва дар мавсими ғунучини пахта то 13 тонна пахта чида, ба хирман месупорид. Солҳои 1973 — 1995 чанд даъват вакили маҳалливу вилоятӣ низ буд.

Дорандаи ордени “Байрақи сурх”, “Шарафи меҳнат” аст ва замони пойбарҷо будани ҳукумати Шӯравӣ  ба хотири 67 соли фаъолияти пурсамари колхозчигиаш ба ӯ унвони собиқадори меҳнат доданд.

Ҳалим Ҷураев

Back to top button