Мade in Tajikistan: Электромобил

Мade in Tajikistan:

Ислом Сафаров, сокини шаҳри Бохтар нақлиёте сохтааст, ки бо қувваи аккумулятор ҳаракат мекунад. Ин мошин бо як нерӯпуркунӣ метавонад бо суръати 60 км/соат то 80 километр роҳро тай намояд.

Ислом аз хӯрдӣ ба сохтани ҳар гуна мошинчаҳо рағбат дошта, чанд сол қабл барои ҷиянаш як мошини бо аккумулятор ҳаракаткунанда сохтааст:

“Вақте ба Русия барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ рафтам, ҳамчун барқчӣ дар як коргоҳе фаъолият кардам. Онҷо дар ҳолатҳои фориғӣ аз қисмҳои эҳтиётии куҳнаb мошин ба сохтани электромобил шурӯъ карда, давоми 8 моҳ аввалин маҳсули дастамро ба як марди рус фурӯхтам.”, — мегӯяд И. Сафаров.

Ислом ҳоло дар як коргоҳҳои шаҳри Бохтар ба сифати барқчӣ кор мекунад. Барои сохтани электормобил қисмҳои эҳтиётии онро аз ҳар куҷо ҷамъ оварда, орзуяшро амалӣ кардааст.

Дар нақлиёти сохтааш асосан аз қисмҳои эҳтиётии мототсикл ва автомобилҳои гуногунтамға истифода шудааст. Аммо то ҳол ҳисоб накардааст, ки барои мошини сохтааш чӣ қадар маблағ сарф гардид.

Ӯ то ҳол маҳсули дасташро ба ягон мизоҷ ё озмун пешниҳод накардааст. Ба гуфти вай, агар сарпарасте ӯро дастгирӣ кунад, Ислом метавонад нақлиёти  беҳтареро созад:

“Орзу дорам, ки лоақал як автодроми хурд дошта бошам ва дар он ҷо мошинҳои сохтаамро пешкаши мизоҷон гардонам. Метавонам барои кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ як нақлиёте созам, ки бо садои бениҳоят паст ҳаракат кунад. Зеро истифода аз чунин нақлиёт дар вақти роҳандозии амалиёти махсус ба манфиати кор аст”, – мегӯяд ӯ.

Солҳои охир таваҷҷуҳи бисёр кишварҳо ба истеҳсолу истифодаи нақлиёти барқӣ зиёд шудааст. Ҳатто мамолики дорои захираҳои зиёди нефту газ низ ба ин навъи нақлиёт мароқ зоҳир кардаанд.

“Дар Тоҷикистон нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзонтарин истеҳсол мешавад. Аз ин рӯ, истифодаи нақлиёти барқӣ дар кишвар муфид аст”, – мегӯяд Ислом Сафаров.

Агар ташаббусҳои ихтироъкори ҷавон Ислом Сафаров дастгирӣ ёбанд, истеҳсоли нақлиёти ба муҳити зист безарар истеҳсол гардида, ҳамчун маҳсулоти ватанӣ муаррифӣ гардад. Ин метавонад обрӯ ва нуфӯзи кишварро боло барад.

Сулаймон СУЛТОНОВ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button