Озмуни қироати шеър

Агар ба ин боваред, ки дар қироати шеър маҳорат доред, пас, ин озмун барои Шумост. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳашт Маркази амрикоӣ дар Тоҷикистон озмуни қироати шеърро таҳти унвони “ПаёмPoetry” эълон мекунад. Ин озмун ба 30-умин солгарди муносибатҳои дипломатии ИМА ва Тоҷикистон, Рӯзи забони англисӣ дар СММ ва Моҳи миллии шеър бахшида шудааст. Ҳар як нафаре, ки мехоҳад малака ва қобилияти қирояти шеърро ба забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ бисанҷад, метавонад тавассути нашри навори худ дар инстаграм дар ин озмун иштирок кунад. Озмун ба таври маҷозӣ (вертуалӣ) тӯли як моҳ, аз 27-ум то 18-уми апрели соли 2021 гузаронида мешавад. Ба ғолибони беҳтарин қироати шеър ба забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ Kindles (ҷиҳози электронӣ барои китобхонӣ) тақдим карда мешаванд.

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button