Урфу одат

Таҷлили Наврӯз дар Булоқдоши Сангтуда

nawruz

Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои мардумии мо буда, умри беш аз панҷҳазорсола дошта, аз зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мужда медиҳад.

Ҳар минтақа дар Тоҷикистон бо шеваи хосси худ аз ин ид таҷлил мекунанд. Дар умум, суманак рӯйи ҳар хон дида мешавад. Оро додани дастархони «ҳафтсин» низ маъмулу ҳатмӣ мебошад, ки аз ҳафт адад анвое, ки бо ҳарфи син (с) оғоз меёбад, иборат аст: себ, сабза, сирко, санҷид, сикка, сир, суманак.

Дар баробари дастархони «ҳафтсин» омода намудани дастархони «ҳафтшин» низ роиҷ аст, ки дар он ҳафт маводе, ки аз ҳарфи шин (ш) шурӯъ мешаванд, гузошта мешаванд: шакар, шарбат, ширинӣ шамъ, шона, шир, шароб.

Муаллиф: Бахтиёр Комилов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button