Бозии интихобии ҶҶ-2022 миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Муғулистон

Бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон бо иштироки мухлисон баргузор мегардад. Бо мувофиқа бо ФИФА бозиро то 10 ҳазор мухлисон метавонанд дар варзишгоҳ тамошо кунанд. Бозии интихобии ҶҶ-2022 миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Муғулистон рӯзи панҷшанбе, 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 18:00 дар назар аст. Арзиши чиптаҳо дар ҳаҷми 20 сомонӣ муайян шудааст. Қайд менамоем, ки тими миллии Тоҷикистон омодагии худро барои рақобат зидди дастаи Муғулистон 19-уми март дар Душанбе оғоз мекунад.

Ҳайати тими миллӣ барои бозӣ бо дастаи Муғулистон

Рустам Ятимов («Истиқлол»)

Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»)

Шоҳрух Қирғизбоев («Куктош»)

Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбакистон)

Фарҳод Восиев («Тамбов», Русия)

Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония)

Аҳтам Назаров («Истиқлол»)

Ваҳдат Ҳанонов («Истиқлол»)

Искандар Ҷалилов («Истиқлол»)

Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»)

Зоир Ҷурабоев («Истиқлол»)

Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон)

Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон)

Эхсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбакистон)

Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)

Амирбек Ҷурабоев («Истиқлол»)

Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»)

Ислом Зоиров («Истиқлол»)

Илхомҷон Баротов («Истаравшан»)

Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»)

Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова)

Ҷаҳонгир Эргашев («Кызылкум», Ӯзбакистон)

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)

Рустам Соиров («Истиқлол»)

Усмон Тошев (Узбекистон)

 

Рӯйхати ҳайати тими миллӣ аз гуруҳи фейсбукии Футболи Тоҷикистон

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button