ОЗМУНИ КУШОДАИ БУРСӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ТАШАББУСҲОЕ, КИ БА ДАСТГИРИИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ ФАЪОЛИЯТИ ТҒД, ВА ИНЧУНИН БА БАХШИ ТҒД ОМӮЗОНДАНИ МАЛАКАҲОИ СОҲИБКОРӢ РАВОНА ШУДААНД

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии

Институти «Ҷамъияти Кушода» —Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

барои дарёфти ташаббусҳое, ки ба дастгирии тиҷоратикунонии фаъолияти ТҒД, ва инчунин ба бахши ТҒД омӯзондани малакаҳои соҳибкорӣ равона шудаанд, озмуни кушодаи бурсӣ эълон мекунад.

Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҳавасманде даъват мешаванд, ки дар самти омӯзондани малакаҳои соҳибкорӣ, мониторинг ва тиҷоратикунонии фаъолияти ТҒД, таҷриба доранд.

Ҳаҷми буҷети лоиҳа набояд аз 220000 сомонӣ бештар бошад.

Меъёрҳои арзёбии дархостҳо:

  • доштани таҷрибаи иҷрои лоиҳаҳо дар соҳаи омӯзондани малакаҳои соҳибкорӣ роҳбарикунӣ;
  • ҷой доштани унсурҳои тиҷоратикунонии фаъолияти ТҒД;
  • ҷой доштани унсурҳои босуботӣ, навгонӣ;
  • ҳадафи дақиқ ва методологияи фаъолият;
  • доштани натиҷаҳои дақиқ ва таъсиррасонӣ ба гурӯҳҳои зерҳадаф;
  • рӯнамоии масоили лоиҳа дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ;
  • сифати тартиб додани дархост;
  • мувофиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳаҷми зарурӣ.

Барои иштирок дар озмун пешниҳод намудани дархости пуркарда ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба платформаи www.osiaf.tj (бахши Грантҳо> Пешниҳоди дархостҳои грантӣ) то “17” марти соли 2021 зарур аст.

Машваратҳо доир ба тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба озмун 10 марти соли 2020, аз соати 14:00 то 16:00 дар шакли онлайн дар заминаи Microsoft Teams баргузор мегарданд (тасдиқи иштирок бояд ба суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj равон карда шавад).

Доир ба ҳамаи масоил ва маълумоти иловагӣ метавонед аз суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj бо илова намудани суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj истифода баред.  

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, номукаммаланд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мешаванд, баррасӣ намешаванд.

Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.

 

Манбаъ: https://www.osiaf.tj/pages/333

Back to top button