ГРАНТҲО БАРОИ ДОНИШҶӮЁН

Барномаи забони англисӣ барои рӯзноманигорон

Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар шаҳри Душанбе, Хоруғ ва Бохтар, Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Гурдофарид” дар шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии Маркази таълимӣ-омӯзишии «Ҷаҳони Ман» дар шаҳри Кулоб бо камоли хушнудӣ аз оғози Барномаи забони англисӣ барои рӯзноманигорон ва котибони матбуот, ки дар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон кор мекунанд, хабар медиҳанд.

Барномаи забони англисӣ барои рӯзноманигорон бо дастгирии молиявии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон амалӣ мегардад ва соли хониши 2021-2022-ро дар бар мегирад.  Рӯзноманигорони васоити ахбори умум ва котибони матбуотии ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, барои иштирок дар барнома даъват карда мешаванд,то ки сатҳи дониши забони англисии худро барои дастрасӣ ба маълумоти ҷаҳонӣ баланд бардоранд.

Донишҷӯёне, ки дар риштаи рӯзноманигории донишгоҳҳо таҳсил менамоянд, метавонанд дар ин барнома иштирок намоянд. Довталабон пас аз сабти ном кардан аз санҷиши муайян намудани сатҳи дониши забони англисӣ мегузаранд. Гурӯҳҳо вобаста ба сатҳи дониши забони англисии шунавандагон ташкил мегарданд.

Мӯҳлати ниҳоӣ барои номнавис шудан 26-уми марти соли 2021.

Шахсоне, ки ба барномаи омӯзишӣ дар Душанбе, Бохтар ва Хоруғ ҳавасманданд, бояд барои сабти ном ва қабули дархост ба марказҳои таълимии ДОМ муроҷиат карда, мактуб ирсол намоянд:
munisa.khudonazarova@ucentralasia.org  дар ш. Душанбе
tolibdzhon.mirzoev@ucentralasia.org дар ш. Бохтар
farzona.azizulloeva@ucentralasia.org дар ш. Хоруғ

Телефонҳо барои тамос:
ш. Душанбе: 44 601 44 11; 44 601 44 22
ш. Бохтар: 93 111 0016
ш. Хоруғ: (3522) 22277

Барои иштирок ва дастрас кардани варақаи номзад дар шаҳри Хуҷанд нома (мавзӯъ: Забони англисӣ барои рӯзноманигорон) ба  ngo.gurdofarid@mail.ru ирсол намоед.
Телефон барои тамос: 92 830 99 98, 92 818 50 90.

Шахсоне, ки ба барномаи омӯзишӣ дар шаҳри Кулоб ниёз доранд, бо ТҶ “Ҷаҳони Ман” тамос гиранд ва номнавис шаванд, то ки варақаи дархостро дастрас намоянд: 918 579 225 ё 987 600 224.

 

Манбаъ https://tj.usembassy.gov/tg/call-for-applications-english-for-journalists-program-tg/

Back to top button