Манижа шаҳрванди Сайёра

Таваҷҷуҳи тоҷикистониён имсол ба он хотир ба Евровидение боз ҳам бештар гардид, ки дар он як ҳаммеҳанамон аз як кишвари бузург-Русия намояндагӣ мекунад.

Аммо интихоби суруди Манижа дар Евровидение вокунишҳои зиёдеро дар Русия ба бор овардааст.

Чеҳраҳои маъруфи шоу-бизнес то сиёсатмадорон бобати мазмуни суруд ва шахсияти худи Манижа изҳори назар кардаанд.

Ҳатто дархостҳои гурӯҳӣ низ дар фазои маҷозӣ чарх мезананд, ки Манижа дар ин озмун Русияро намояндагӣ накунад. Дар пойгоҳи сhange.org ҷонибдор мекофтанд, то монеи рафтани ин суруд ба Евровидение шаванд.

Хушбахтона, аксарият аз Манижа пуштибонӣ карда, дар саҳифаҳои иҷтимоии хеш ё муроҷиатҳои видеоӣ ӯро рӯҳбаланд мекарданд.

Дима Билан, ки ду маротиба Русияро дар озмуни Евровидение намояндагӣ кардааст, Манижаро дастгирӣ кард.

Сарояндаи маъруфи Русия Дима Билан дар саҳифаи Instagram-аш видеое нашр намуда, дар он мавқеи худро нисбат ба суруди Манижа Сангин ва воқеоти атрофи он баён кардааст.

Овозхон эътироф кардааст, ки пас аз хондани саҳифаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва дидани он чизе, ки онҳо дар бораи суруд ва сароянда менависанд, шармаш омад.

“Шармам омад, ки ҳоло ҳам ҳастанд нафароне, ки дар замони мо дар ин кишвари сермиллат дар бораи миллат мегӯянд.”-мегӯяд Дима Билан.

Худи Манижа худро ба як миллат ва як минтақа маҳдуд намедонад “Ман шаҳрванди Сайёра ҳастам. Ман ҳам тоҷик, ҳам славянӣ, ҳам одаме ҳастам, ки ба англисӣ суҳбат мекунад. Ман кайҳо тамғагузориро бас кардам. Бад мебинам, вақте одамон тамға мегузоранд ва худро маҳдуд мекунанд.” 

Давлат Худоназаров дар суҳбат бо «Комсомолская правда» гуфтааст, ки дар бораи роҳёбии Манижа ба Евровидение як рӯз пас аз ғолибияташ огоҳ шуд ва ҳамчун як тоҷик аз ин зиёд хушҳол аст.

«Ман ҳамчун як тоҷик аз ин ифтихор мекунам. Аммо сурудҳои ӯро нашунидаам. Ҳамчун шаҳрванди Русия ифтихор мекунам, ки ҳамватани ман аз ҷониби русҳо эътироф шудааст»,- гуфтааст ин коргардон.

Сафорати Амрико дар Душанбе Манижаи Сангинро барои намояндагӣ аз Русия дар озмуни Евровидение, табрик намудааст.

“Мо хушҳолем, ки зодагони Тоҷикистонро дар саҳнаи ҷаҳонӣ мебинем. 

Манижа натанҳо овозхон, балки мудофеи ҳуқуқи гурӯҳҳои ҳошиянишин, монанди қурбониёни хушунати хонаводагӣ, паноҳҷӯён ва аъзои ҷомеаи дигарбошони ҷинсӣ низ ҳаст. Кор ва таблиғоти доимии Манижа барои шикасти хурофот ва ҳифзи ҳуқуқи башар кӯмак карда, дар мо ҳисси ифтихорро бедор мекунад.”,-омадааст дар табрикоти Сафорати Амрико дар Душанбе.

Имсол 65-умин озмуни Евровидение дар Роттердам баргузор мегардад. Дар Евровидение — 2021 тақрибан 40 кишвар ширкат мекунанд ва Русияро дар ин озмун Манижа Сангин духтари тоҷики муқими Маскав бо суруди Russian Woman муаррифӣ мекунад.

Суруд ба ин озмун тариқи овоздиҳӣ аз ҷониби тамошобинон ва ҳакамон муайян карда мешавад. Ин мусобиқа аз соли 1956 ҳамасола баргузор мешавад ва яке аз маъруфтарин рӯйдодҳои ғайри варзишии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Даври ниҳоии Eurovision — 2021 шоми 22 май баргузор мешавад.

Саҳифаи Манижа дар Инстаграм: https://www.instagram.com/manizha/

Саҳифаи Манижа дар Файсбук: https://www.facebook.com/manizhamusic

Муаллиф: Одина Маҳмад

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button