CAPTION ВИДЕО

Бо имконияти маҳдуд ба дигарон ҳунар меомӯзонад

Бибиҳанифа Бобоалиева

“Зиндагӣ худ мубориза аст, ман бо доштани имконияти маҳдуд аз зиндагӣ дилсард нестам, зеро, ҳунар дорам. Ба коре банд ҳастаму даромад дорам. Хушбахт ҳастам, ки ҳар дақиқаи ҳаётамро пурсамар истифода мебарам. Аз он нафароне, ки пойи равону дасти солим доранд, вале ҳунар надоранд, розӣ нестам.”- мегӯяд Бибиҳанифа Бобоалиева.

Ин духтар сокини деҳаи “Обимукӣ”-и ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон аст. Аз дигар ҳамсолонаш бо доштани имконияти маҳдуд фарқ мекунад, вале духтари намуна буда, фаротар аз деҳаашон шинохта шудааст.

Бибиҳанифа овони кӯдакӣ бинобар пайдо гардидани нуқсоне дар сутунмуҳрааш аз роҳ рафтан маҳрум мегардад. Бо вуҷуди ин, аз зиндагӣ дилсард нашуд, ҳаётро дӯст дошт. Ҳунар аз худ кард. Ҳоло соҳиби кори худаш аст, ҳато барои дигарон ҷойи кор меофарад. Зиндагии худ ва чанд нафари дигаро мечархонад.

Ӯ ҳунари дӯзандагиро аз касе наомӯхтааст, ҳар порча матое, ки ба дасташ мерасид, онро қайчӣ мезад. Ба дӯхти куртаҳои омодашудаи дигарон таваҷҷуҳ карда, кушиш мекард, ки дӯзанда шавад. Мегӯяд, агарчи имкони роҳ рафтан надорад ва ҳар рӯз дар хона нишастааст, вале танҳоиро эҳсос намекунад. Зеро шогирд дораду бо табассум куртаҳоро омода мекунад.

Бибиҳанифа Бобоалиева дар хонаи падар ба сар мебарад, кори соҳибкориро аз қайчию матоъ оғоз кард. Ҳамин дарздӯзӣ ӯро ҳунарманд кард ва оҳиста-оҳиста талабгорони кораш бештар шуд.

“Ҳоло се чархаи мошинаи дардӯзиям чарх мезанад. Дар ин деҳаи дурдаст либосҳои миллиро бо сабки аврупоӣ ва хости мардум медӯзем. Бузургон гуфтаанд, ҳунар чашмаи зоянда ва давлатест поянда,“-мегӯяд ӯ.

Бобоалиева мегӯяд, аз он нафароне, ки имконияти хуб доранд ва солим ҳастанд, вале баҳонаи набуди кор мекунанд, норзӣ аст. Ба онҳо ишора кард, ки агар чашматон сӯрохии сузанро мебинад ё дасташон ҳаракат мекунад, кор кунанд ва зиндагиро пеш баранд.

Ин духтар мегӯяд, мошинаҳои дарздӯзиаш, ки кӯҳна буданд, корашро кашол медод. Орзу мекард, ки бо мошинаи наву замонавӣ таъмин бошад ва сари вақт фармоиши мизоҷонашро иҷро кунад. Дар ниҳоят муваффақ ҳам шуд. Соли 2019 бо пешниҳоди лоиҳаи “Коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ғолиби озмуни грантии раиси вилояти Хатлон дар ҳаҷми 8000 ҳазор сомонӣ гардид:

“Вақте дар озмун ғолиб гардидам, хеле хурсанд шудам. Бо он пул мошинаҳои дарздӯзии нав харидам. Фармоиши мизоҷонро саривақт омода мекунам. Корам сомон гирифт. Муштариёни корам низ зиёд шуданд,”-гуфт Бобоалиева

Сафаралӣ Бобоалиев, падари Бибиҳанифа мегӯяд аз ҳунарманд будани духтараш ифтихор дорад, новобаста аз имконияти маҳдуд доштанаш таъминкунандаи зиндагии худ мебошад. Падари духтар гуфт, бо гирифтани кумакпулии раиси вилоят мушкили камбуди мошинаҳои дарздӯзии духтараш Бибиҳанифа ҳал шуд.

 “Хеле хушҳол ҳастем, ки лоиҳаи пешниҳодкардаи духтари моро, ки дорои имконияти маҳдуд аст, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қобили қабул донистанд.  Маблағе, ки барои мо доданд, хусусан барои иваз кардани мошинаҳои дарздӯзии Бибиҳанифа мусоидат кард,“-илова кард падари Бибиҳанифа.

Бибиҳанифа Бобоалиева дар баробари духтани курта ҳунари кашидадӯзию бофандагӣ ва гулдузӣ низ дорад. Барои навхонадорон болишту курпа медӯзад. Мегӯяд, духтари тоҷик бояд ҳунар дошта бошад. Шахси ҳунарманд ҳамеша воломақом буда, дар ҳама ҷой соҳиби иззату эҳтиром мебошад.

Муалиф: Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button