УМАР АЛИЕВ: ТЕАТР ҶОЙИ ОДАМОНИ ДОРО БУД

Ҳолдонҳо мегӯянд, ки соли 1978  замоне ки дар саҳнаи театри мазҳака – мусиқии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Ленинобод (Феълан Театри давлатии мазҳака-мусиқавии ба номи К. Хуҷандӣ)  аввалин маротиба намоишномаи “Исёни арӯсон” ба саҳна гузошта мешуд, толори театр аз тамошобин пур буд. Одамон дар назди дари бинои театр дар навбат меистоданд. Масъулини театр бинобар зиёд будани  тамошобин ҳатто курсиҳои иловагӣ ташкил намуданд, вале ин ҳама кам буд. Як қисми навбатпойҳо ҳатто барои рост истода  тамошо кардани намоишнома  иҷоза мехостанд. Хуллас, ҷойи холӣ ҳатто барои сӯзан партофтан набуд. Вале имрӯз чунин нест.

Ҳунармандон ва баъзе аз коргардонҳо нигаронӣ доранд, ки аксар маврид дар намоишномаҳо толор сарду холӣ ва баъзан аз тамошобинони иҷборӣ пур.

 На… на… аслан ин ҳам такрори он холигист бо шаклу шамоили дигар. Сари ҳар вақт иддае аз донишҷӯён садо баланд мекунанд, ки гӯё онҳоро маъмурияти донишгоҳҳо маҷбур мекунанд, то чиптаи намоишномаи театриро харидорӣ намоянд. Як қисми ангуштшумори фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, аслан театр хонаи дуввумини онҳост. Ғолибан ҷониби дигар ёд надоранд, ки кай дар остонаи театр пой гузоштанд. Қисми дигар мегӯянд, театри тоҷик роҳи муайяни худро надорад?

Сӯҳбати  мо бо дорандаи ҷоизаи ба номи “Камоли Хуҷандӣ”,  Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Умар Алиев перомуни мавзӯи   “Мушкилиҳои умдаи театри тоҷик” ҷараён гирифт.

-Ахиран дар фазои маҷози як ниҳоде бо ном “Ширкати шоҳонаи Шекспир” пурсиш анҷом дод. Суоли матраҳ ин буд, ки “Театр чӣ аст? Бо як вожа ифода кунед”.  Қисми зиёде, ки ба суоли мазкур посух гардониданд, театрроҲаёт” гуфтанд.

Театр – “Оина” аст. Оинаи ҳаёт аст. Шахсан ман бидуни театр ҳаётро тасаввур карда наметавонам.

-Театр ва озодӣ. Чӣ робитае байни онҳо ҳаст? Ва ба андешаи Шумо то куҷо барои  театр, коргардон ваё ҳунарманд озодӣ чизи муҳим аст?

Ҳунарманд нафаре, ки фикррони ӯ аз дигарон фарқ мекунад ва бояд фарқ кунад. Шумо вақте ки дар ягон корхона, муассиса ва ё ташкилот кор мекунед, дақиқан медонед, ки кай бояд кор равед ва кай бояд аз кор озод шавед. Дар театр ин хел нест. Кор дар театр вақту соат надорад. Чаро? Барои он ки аксар маврид мо то нисфи шаб кор мекунем. Ба хотири як соата намоишнома моҳҳо тайёрӣ мебинем. Медонед, ин хеле масъалияти калон дорад!

-Сипос устод. Биёед ба мафҳуми озодӣ аз дигар самт назар меафканем. Барои коргардон ва ё ҳунарманд озодӣ аз ҳама гуна сензура то кадом андоза муҳим ва зарур аст?

Бисёр суоли олиҷаноб. Чанде қабл мо дар Фестивал-озмуни театрҳои касбии кишвар бо ном “Парасту-2019” иштирок доштем. Мо дар он ҷо намоишномаи 18 театрро тамошо кардем. Ростӣ, театри русии ба номи Владимир Маяковский, ки дар ошёнаи сеюми бинои театри академикии ба номир Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият мебаранд, ки ҳамагӣ 80 ҷойи нишаст дорад. Лекин ҳар рӯз, ҳар бегоҳ онҳо новобаста аз он фестивал озмуни театрҳои касбӣ рафта истода буд, намоишномаҳо ба саҳна мегузоштанд. Дар ҳар намоишнома толор пур аз тамошобин буд. Иттифоқан, ман як намоишномаи онҳоро ки аз рӯйи асари Ҳамза Ҳакимзода бо ном “Майсара” ба саҳна гузошта шуда буд, тамошо кардам. Лаззате ки аз он намоишнома бурдам, то ин даҳсолаҳои охир набуд. Чаро? Театр дар театр буд. Ҳунармандон бисёр озод буданд. Яъне озодии онҳо то ҳадде буд, ки онҳо баромаданд сару либоси худро дар саҳна дар назди ҳамагон пӯшиданд ва маслиҳат карданд, ки биёеед ҳамин намишномаро ба саҳна мегузорем. Яъне, гӯё иттифоқан намоишнома ба саҳна гузоштанд. Аммо аслан дар зери ин саҳнасозии ба ном “иттифоқ” диди коргардони бисёр ҷавон вале ҳирфаӣ Хуршед Мустафоев ниҳон буд. Медонед, ҳатто тамошобини оддӣ эҳсос кард, ки гӯё худи ӯ дар саҳна нақш офарида истодааст. Ин диду назари нав ва озод буд.

 Як нафар корардони маъруф мегӯяд, ки театри тоҷик то андозае мавқеи худро аз даст додааст ва гӯё роҳи худро гум кардааст. То куҷо ба ин андеша мувофиқ ҳастед?

Ин андеша аз як ҷониб дуруст ва аз ҷониби дигар не. Рост аз он ҷиҳат аст, ки тахмин 20 — 30 сол қабл замоне, ки интернет набуд, телефонҳои мобилӣ, ки феълан ҳатто дар дасти кӯдаки 8-10 сола ҳаст, набуд, телевизорҳои дорои имкониятҳои васеъ набуд ва аксарият ба театр мерафтанд. Аммо бояд як нуктаро таъкид кунам, ки аз давраи Юнони қадим театр аслан барои одамони доро буд. Дар гузашта вақте ки ба театр рафтанӣ мешуданд, пешакӣ тайёрӣ медиданд, сару либоси махсус ба бар мекарданд. Яъне, омодагӣ медиданд, ки ба як ҷойи дар воқеъ муқаддас мераванд, ки дар он ҷо бӯи муаттар, фазои дигар ва дунёи дигар буд.

Бо назардошти рушди бемайлони илму техника  имрӯз ҷомеа дигар шуда, талабот ва ниёзҳои он тағйир ёфтааст. Ва аз ин лиҳоз зарурате пеш омадааст, ки театр низ завқу таваҷҷӯҳ ва ниёзи ҷомеаро ба назар гирифта, мавқеи худро тағйир диҳад. Албатта ин то ҷое аз нафароне вобаста аст, ки театро аз боло дастгирӣ ва назорат мекунанд. Медонед? Дар бораи Фестивал Озмуни “Парасту – 2019”, ки ёдовар шудам, театри академикии ба номи А. Лоҳутӣ солҳои тӯлонӣ шоҳҷоиза нагирифта буд, якбора соҳиби шоҳҷоиза шуд. Омили аслии муваффақияти онҳо коргардон Султон Усмонов аст, ки чанд сол боз дар хориҷи кишвар фаъолият дошту ба ин театр ба кор омад ва аз рӯи асари Сотим Улуғзода “Фирдавсӣ” намоишномае ба саҳна гузошт. Намоишномаи ҳирфаӣ буд.  Бояд мо ба қадри онҳое, ки сарсупурдаву фидоёни кори худ ҳастанд расем. Мо ин гуна намоишномаҳои зиёд дорем.

Шумо дар посухи суоли боло зуҳури технологияи навин аз ҷумла интернет ва дигар воситаҳои ҷадидро омили аз театр дур шудани тамошобин арзёбӣ кардед. Оё интернет ҷойгузини театр шуда метавонад?

Комилан на! Нафаси гарми ҳунарманд ва ё тамошобинро дар интернет эҳсос мекунед? (андаке хомӯш мешавад ва ҳолаташ риққатовар меградад). Мо дар умум аз театр, аз китоб ва аз ҳаёт бениҳоят дур шудем.

Яъне ба шаҳрванди фазои маҷозӣ табдил ёфтем?

Боракалло! Шумо вақте ки асари “Фирдавсӣ”-и С.Улуғзода боби “Асирон”-ро мехонед, мӯи саратон рост мешавад. Оё ин эҳсосотро интернет дода метавонад?

Ба назари Шумо чаро тамошобини имрӯзаи мо аз театр рафт? Шояд намоишномаҳои якрангу обшуста ва ғайрикасбӣ онҳоро дур кард?

Шояд то андозае тамошобини театр кам шудааст. Аммо тамошобин аз театр нарафтааст. Тамошобин ҳама вақт дар театр ҳаст. Барои тамошобинро боз баргардонидан асарҳои ҷаззоб лозим. Масалан замоне, ки  ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева асари “Исёни арӯсон”-ро соли 1978 аввалин маротиба ба саҳна гузоштанд, тамошобинон дарҳоро шикастанд. Дар ҳақиқат ҷой барои сӯзан партофтан набуд. Мегузарем ба тарафи дигари масъала. Вақте, ки ба театри давлати мазҳака — мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ  ҳунарманди шинохта Барзу Абдураззоқов омад, театр бо ҳамон ҳунармандон се ҷоиза гирифт. Ҳамчунин дар озмуни театрҳои касбии Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Бишкек низ соҳиби шоҳҷоиза гардид. Масалан, мо як асари мазҳакавӣ бо ном “Найрангҳои Абдуӣ Хуҷандӣ” ба саҳна гузоштем, ки соли 2003 соҳиби шоҳҷоизаи “Парасату -2003” гардид. Он вақт мо то соати 1 ё 2-и шаб кор мекардем. Дар кори театр бисёр чизҳо ба диду назари коргардон вобаста аст.

Имрӯз театри тоҷик бо кадом мушкилиҳо мувоҷҷеҳ аст?

То замоне ки зиёиёни мо ба театр рӯ намеоранд, то замоне ки дар мактабҳо маҳфилҳои театрӣ ташкил намешавад, мушкилии аввалини театри тоҷик боқӣ мемонад. Бояд аз кӯдакӣ дар бораи театр гуфт, кадом сару либос пӯшидан, ба театр чӣ тавр омадан, чи хел нишаста гӯш карданро ёд дод. Шумо баъди намоишномаҳои бачагона ҳолати Театри мазҳака мусиқии Хоча Камоли Хуҷандӣ, театри Наврас, театри ба номи А.С. Пушкини шаҳри Бӯстон ва дигар театрҳоро бубинед. Аз ифлосию партови зиёд гумон мекунед, ки дар он ҷо ҷанг рӯх додааст. Наход, ки ҳанӯз фарзандҳои мо маърифати театр рафтанро аз оила, боғча ва мактаб наомӯхтанд?

Вақте дар Аврупо осори драматургоне чун Шекспир, Молер ва дар Руссия  асарҳои Чеховро ба саҳна мегузоранд, ҳамеша толор пур аст.  Кадом намоишномаҳои театри ҳозираи тоҷик ба назари Шумо ба истилоҳхит” хастанд? Яъне новобаста аз он, ки борҳо ба саҳна гузошта мешавад, ҳар бор толор пур аз тамошобин мешавад? Оё мо ин гуна намоишномаҳо дорем?

Албатта дорем!

Баъзе аз театрҳои хориҷӣ аз усули анъанавӣ даст кашида, рӯ ба навгароӣ овардаанд. Оё фурсати он нарасидааст, ки театри тоҷик аз замони нав гӯяд ва нишон диҳад?

На! На! На! Ҳадди ақал як унсур, ки аз аслияти мо мегӯяд, бояд бошад. Дар саҳна лоақал ягон унсури анъанаҳои миллӣ бошад. Яъне, аслият бояд фаромӯш нашавад.

Чӣ метавонад, тамошобинро ба театр баргардонад. Барои ин чӣ қадар вақт лозим аст?

То замоне, ки худи тамошобин ба театр омадан намехоҳад, талошҳои маҷбуран ба театр овардан суд надорад. Масъалаи дигар ин аст, ки ҳам даврони Шӯравӣ ва ҳам марҳилаи пеш аз он театр сарпараст дошт. Мо намегӯем, ки барои театр миллионҳо диҳанд. Аммо дастгирӣ муҳим ва зарур аст.

Умедворем, ки дар ояндаи наздик мушкилиҳои театри тоҷик бартараф мешавад… Устоди азиз барои Шумо изҳори сипос мекунем. Ҳамеша саломат бошед!

 

Мусоҳиб: Ҷаҳонгир Мирсалимов

Back to top button