ИСТЕЪДОД

Султон Нормаҳмадов: аз устухони мамонт корд сохтаам

Султон Нормаҳмадов ҳунарманде аз Истаравшани бостонӣ аст. Ҳунари кордсозӣ ба усто Султон аҷдодӣ буда, ба нақли ӯ, гузаштагонаш беш аз 500 сол мешавад, ки бо ин ҳунар сарукор доранд. Ӯ дар иҳотаи ҳунармандон тавлид шуда, ба воя расидааст.

“Ман дар Гузари Кордгарони Истаравшан, дар наздикии маҳаллаи Гунбади Кабуд ба дунё омадаам. Падари ман дар хонаамон як дӯкони кордгарӣ доштанд ва кори падарро дида, зеҳн монда, аз сини 4-5-солагӣ ба даст тешаю арра қапида, аллакай дар 10-11-солагӣ мустақилона корд месохтам” – мегӯяд, усто Султон.

Баъдан оилаи усто Султон ба шаҳри Хуҷанд мекӯчанд ва ҳунари кордсозиро дар ин шаҳр идома медиҳанд.

Маҳсули дасти ҳар ин кордсоз аз ҷиҳати обутоб, суфтагӣ, нақши гулбанд, сарбанд, нақши гули рӯйи теғи корд аз дигар устоҳо ба куллӣ фарқ мекунад. “Ҳар як устои кордсоз имзо (подчерк)-и худро дорад, ки онро танҳо худи ҳамон усто метавонад. Дар гузашта ҳатто маҳсули дасти як нафарро аз имзо яъне тарзи кораш меашинохтанд. Мувафақияти ҳунарманд он аст, ки ниёзи харидорону талабгоронро дарк карда тавонад”, -афзуд ӯ зимни сӯҳбат.

Усто Султон ашёи хомро барои корд асосан, аз қисмҳои мошинаҳои вайрон   мегирад. Гоҳо барои ороишӣ корд, сангу воситаҳои махсусе ҳастанд, ки онро харидорӣ мекунад. “Ғилофи кордҳоро, ки бештар аз  шохи ҳайвонҳои хонагӣ чун буз, гӯсфанд, гов сохта мешавад, аз қассобон мегирем. Ба ҷуз ин чӯпонҳо, ки бештар дар далаву кӯҳҳо мегарданд, ба ман дар масъалаи дастарасӣ ба ғилофи кордҳо кӯмак мерасонанд. Шохҳои бузи кӯҳӣ, архар, гавазн, оҳу,  қутос ва дигар ҳайвонҳоро чӯпонҳо дастрас мекунанд, ки дар сохтани ғилофҳои корд истифода мекунем”, -гуфт мусоҳиби мо. Ӯ нақл мекунад, ки дар гузашта аз устахони мамонту фил ҳам корд омода кардааст.

Ба нақли мавсуф корду ханҷарҳои дастсохти ӯ дар чандин кишварҳои Аврупо, Осиё, Австралияву Канада, Зеландияи нав ва давлатҳои арабӣ харидор дорад.

Ду писари усто Султон бо вуҷуди он ки хатмкардагони донишгоҳҳои олӣ ҳастанд, аз сабаби он ки дар рагу пайи онҳо хуни ҳунармандӣ ҷорӣ аст, имрӯз ба ҳамин касб сару кор доранд ва дар ҷодаи ҳунар муваффақ низ ҳастанд. Масалан,  ҳунари писари калонии ӯ Соҳибҷон Нормаҳмадов дар хориҷи кишвар борҳо муаррифӣ шуда, ҳунари дасти ӯ баҳои баланд гирифтааст. Имрӯз наберагони усто Султон низ ба ин ҳунар шавқ доранд. Ба қавли ӯ, аллакай ду  се нафари онҳо мустақилона корд сохта метавонанд.

Усто Султони 78-сола сола дар шаҳри Хуҷанд як коргоҳи кордсозиву як дӯконаке барои фурӯши ин кордҳо дорад. Ӯ ҳунари кордсозиро ба 12 нафар омӯзонидааст ва мегӯяд, аксари шогирдонаш дар ин ришта муваффақ ҳастанд. 

То соли 1990 узви рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Феълан Узви Академияи рассомони Тоҷикистон ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон мебошад. Инчунин ба унвони Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Муаллиф: Ҷаҳонгир Мирсалимов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button