Маконҳои таърихӣ

Хоҷа Машҳад: мадрасае, ки Носири Хусрав онҷо таълим гирифтааст

Хоҷа Машҳад:

Мавзеи ёдгории таърихии Хоҷа Машҳад дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус воқеъ гардидааст. Мадрасаи Хоҷа Машҳади бостонӣ таърихи беш аз ҳазорсола дошта, донишманд ва файласуфи бузург Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар ин мадраса таҳсили илм кардааст. Мадраси Хоҷа Машҳад аз як айвон ва ду манораву ду гумбад иборат аст. Бинои Мадраса пурра бо хишти пухта сохта ва оро дода шудааст,  ки ҳануз ҳам тарҳи меъмории он барои бинанда ҳайратангез аст.

Мадраса ва мақбара яке аз намунаҳои қадимаи санъати меъмории халқи тоҷик мебошад. Мақбараи Хоҷа Машҳад ҳамчун номзад ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил карда шудааст. 

Таърихшиносон мегӯянд, афроди бешуморе дар Мадрасаи Хоҷа Машҳад таълими динӣ ва дунявӣ гирифтаанд, вале асрҳои 13 зимни истилои муғулҳо 54 нафар дар ин мадраса кушта гардида, ҳамагӣ дар дохили мадраса дафн шудаанд.

Рустам Сафарзода, таърихшинос дар вилояти Хатлон мегӯяд, Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар асрҳои 9-11 бунёд ёфта, он замон машҳуртарин маркази илм дониста мешуд.

Давлатмурод Азимов, нигаҳбони Хоҷа Машҳад ёдовар мешавад, ки қисми бинои мадраса дар замони бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои наваддум тариб гардида буданд.  

Аввалин маротиба соли 2001 ва баъдан соли 2006 то кунун корҳои тармими барқарорсозӣ идома мекунад.

Ҳоло ин мавзеи ёдгории таърихӣ ба як макони сайёҳӣ табдил гардида,  ҳамасола сайёҳони зиёд ба инҷо ташриф меоранд.

Давлатмурод Азимов гуфт, ба хотири нигоҳ доштани бозёфтҳои Хоҷа Машҳад дар даромадгоҳи он осорхонаи хурд бунёд шудааст, ки бозёфтҳо онҷо нигоҳ дошта мешаванд.

Мадрасаи Хоҷа Машҳад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ шомил гардида, сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои барқарор сохтани ин макони таърихӣ 106 ҳазор доллар  кумак кардааст.

Муаллиф: Амонҷон Муҳиддинов

Back to top button