ГРАНТҲО БАРОИ ДОНИШҶӮЁН

Мактаби таҳқиқоти журналистии Осиёи Марказӣ

media.tj

Интернюс дар доираи барномаи MediaCAMP барои рӯзноманигорони расонаҳо, вебнависон, рӯзноманигорони шаҳрвандии кишварҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Мактаби таҳқиқоти журналистӣ баргузор мекунад.

Муҳлати баргузории Мактаби таҳқиқоти журналистӣ кай аст?

Мо тасмим дорем, ки Мактабро дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон, аз 14-ум то 20-уми майи соли 2021 дар шакли офлайнӣ баргузор намоем. Вале агар дар робита бо COVID-19 маҳдудиятҳои хонанишинӣ ҷорӣ карда шаванд, он вақт ба давраи мусоид хоҳем гузаронид. Инчунин, барои ширкаткунандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имкониятҳои сафари сарҳадӣ ба назар гирифта мешаванд.

Ин як давраи омӯзишии шашрӯза барои рӯзноманигорони таҳқиқотчӣ хоҳад буд.

Мавзуъҳои ҷаласаҳои Мактаби таҳқиқоти журналистӣ:

● Қонунгузории ВАО дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

● Таҳқиқоти журналистӣ чист

● Банақшагирии таҳқиқот. Марҳилаҳои “кабинетӣ” ва “майдонӣ”

● Хавфҳои ғайриқонунӣ дар кори таҳқиқоти журналистӣ ва коҳиш додани он

● Меъёрҳои ахлоқӣ ва касбии таҳқиқоти журналистӣ

● Сохтор ва таҳлили иттилоот. Маълумотнома ва аҳамияти он дар кори таҳқиқотӣ

● Одамон ҳамчун манбаи иттилоот. Кор бо манбаъҳо ва ҳимояи онҳо

● Мушоҳида ҳамчун усули ҷамъоварии иттилоот

● Банақшагирии кори майдонӣ – амалияи мушоҳида ва малакаҳои пинҳонӣ

● Манбаъҳои ҳуҷҷатии иттилоот дар таҳқиқот

● Захираҳои иттилооти оммавӣ дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

● Мусоҳиба дар таҳқиқот. Омодагӣ ва гузаронидани мусоҳибаҳо

● Далелсанҷӣ ва тафтиши маълумот

● Сторителлинг. Хусусиятҳои пешниҳоди мавод дар таҳқиқоти телевизионӣ, чопӣ, расонаҳои онлайнӣ ва иҷтимоӣ.

Забони чорабинӣ: русӣ.

Чигуна дар Мактаби таҳқиқоти журналистӣ ширкат кардан мумкин аст?

Барои ширкат дар Мактаб шумо бояд рӯзноманигори расонаҳо, вебнавис, рӯзноманигори шаҳрвандӣ бошед, ки дар жанри таҳқиқоти журналистӣ кор мекунед. Ҳамзамон шуморо мебояд, ки дархости онлайниро пур кунед. Ҳар як дархост аз тарафи аъзои ҳакамони озмун баррасӣ мешаванд.

Тамоми хароҷоти сафару зист барои иштирокчиёни интихобшуда аз ҷониби ташкилот пӯшонида мешавад.

Дархостҳо то кай баррасӣ карда мешаванд?

Дархостҳо то соати 20:00 -и 19-уми марти соли 2021, ба вақти Душанбе қабул карда мешаванд. Комиссияи интихобӣ дархостҳоро баррасӣ карда, қарори худро на дертар аз 9-уми апрели соли 2021 тариқи суроғаи электронӣ ба ширкаткунандагон мерасонад.

Ширкаткунандагонро аз рӯйи кадом меъёрҳо интихоб мекунанд?

Ҳама дархостҳо бо назардошти меъёрҳои зерин бодиққат баррасӣ ва интихоб карда мешаванд: таҷрибаи ширкаткунандагон дар жанри таҳқиқоти журналистӣ, мавҷудияти иттилоияҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, мавҷудияти мавзуъҳо барои тафтишоти оянда, ҳавасмандӣ барои омӯзиш.

Баъдан чӣ мешавад?

Пас аз интихоби ҳуҷҷатҳо, ширкаткунандагон барои таҳсил ба Мактаби таҳқиқоти журналистии Алмаато даъват карда мешаванд. Мавзуъҳои ҷолибтарини таҳқиқотӣ бо дастгирии мураббигӣ таъмин карда мешаванд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button