Филм

И. Усмонов: Умри филми мустанад нисбат ба филми ҳунарӣ дароз аст!

Филмофарӣ дар синамои ҷаҳон аз филми мустанад оғоз шудааст. Ин замонест, ки  бародарон Люмерҳо: Люмер, Луи Жан (1864—1948) — бародари хӯрдӣ, Люмер,Огюст Луи Мари Николя (1862—1954)  «Омадани поезд ба вокзали Сиета»  соли 1895 ба навор гирифтанд. Баробари такмил ёфтани техникаи киногирӣ  ба миён омадани овоз, ранг, такмили аппарати киногирӣ, шаклу мундариҷа ва вазифаю мақсади филми ҳуҷҷатӣ низ тағйир ёфта, ба жанру услуби нав рӯ овард ва дар тамоми дунё дар баробари филми ҳунарӣ бинандаи пайдо кард. Тафовути кинои ҳуҷҷатӣ аз бадеӣ он аст, ки дар кинои ҳуҷҷатӣ бозии актёр истисно мегардад, дар он тахайюли афсонавӣ вуҷуд надорад, ҳама чиз дар асоси маводи таҳқиқшуда ба даст меояд ва воқеияти замон ва ё ҳодисаро инъикос мекунад.

Синамои тоҷик низ аз филмҳои мустанад холӣ нест. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ давоми як сол аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ тақрибан на камтар 40  филми мустанад  тавлид мешавад. Истеҳсолкунандаи асосии филмҳо фақат Муассисаи  давлатии “Тоҷикфилм”  нест. Дар фазои синамои кишвар дигар киностудяҳо мисоли “Суғдсинамо”, “Хатлонсинамо” ва шахсони алоҳида филм омода намуда, пешниҳоди бинандагон мекунанд, ки аз нигоҳи мунақидони соҳа ин кифоя нест.

Искандар Усмонов

Искандар Усмонов, коргардон ва филмноманавис ба он андеша аст, ки дар тамоми дунё имрӯз наворбардории филми мустанад ривоҷ ёфтааст ва бояд дар Тоҷикистон низ таҳаввул кунад.

 

 

Назар Назаров

Ҳоло дар фазои синамоии кишвар дар самти таҳияи филмҳои мустанд Муассисаи давалтии “Тоҷикфилм” бо ба наворгирии шумораи зиёди филмҳои ҳуҷҷатӣ мақоми намоёнро ишғол мекунад. Ин ниҳод соли 2020 тавонистааст 15 филми мустандро омода созад,  мегӯяд сармуҳаррири Муассисаи давалтии “Тоҷикфилм” Назар Назаров.

Ба бовари мутахассисони соҳа, солҳои охир филмҳои ҳуҷҷатӣ хеле кам таҳия мешаванд ва бозори намоиши ин гуна филмҳо умуман вуҷуд надорад. Ҳарчанд синамогарони ҳирфаӣ ва маъруфи мо Георгий Дзалаев, Орзу Шарифов, Сафарбек Солиев  ва Озод Маликов  ғолибан дар сабки филми мустанад асар меофаранд. Солҳои охир онҳо низ канор рафтаанд ва гоҳ гоҳе ба саҳнаи синамо меоянд. Дида мешавад, ки солҳои охир чанд филми мустанади фармоишиву тарғибӣ низ таҳия мешаванд. Одатан ҳар ончи фармоишӣ аст, дар он ҳар чизеро, ки фармоишгар мехоҳад, нишон медиҳанд. Вале дар баробари ин, ҳуҷҷатнигорони асилу ҳирфаии мо ё навкорон ҳатто дар филмҳои фармоишӣ низ тавонистаанд ба таври мукаммал роҷеъ ба масоили мубрами инсон ва ҷомеа сухани наву ҷолиб ва, аз ҳама муҳим, воқеӣ бигӯянд. Ҳоло ба майдони синамои мустанад, мутаассифона, шумораи ками мустанадсозон ворид шуда истодаанд, ки ҳатто мактаби синаморо нагузашта бошанд ҳам аз рӯи шавқ ва завқи худ кӯшиш доранд то филмҳои ҳуҷатии диданиро пешниҳод намоянд. Далери Имомалӣ, яке аз мустанадсозони ҷавон мегӯяд, ки имрӯз синамои тоҷик ба синамои ҳунарӣ табдил ёфтааст ва филми мустандро фаромӯш кардаем. Бояд дар фикри рушди ин соҳа низ бошем.

Коргардон ва филмноманавис Искандар Усмонов  бошад зикр мекунад, ки таърих исбот кардааст, ки умри филми мустанад нисбат ба филми ҳунарӣ дароз аст ва метавонад ҳамеша муаррифгари расму оини миллат дар тули садсолаҳо  бошад. Аммо имрӯз ба ин навъи санъати ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир карда намешавад. Ӯ бар он андеша ҳаст, ки мо дар якҷоягӣ метавонем фазои синамои мустанади тоҷикро комил кунем.

Солҳои охир бо баргузор гардидани ҷашнворҳои синамоӣ дар кишвар фазои кинои тоҷик низ комилтар гардида истодааст. Дар ин ҷашнвораҳои синамои  бахше аз онҳоро филмҳои  мустанади дохилию хориҷӣ ташкил медиҳанд, ки ҳавасмандиро миёни коргардонҳои мустанадсози тоҷик зиёд мегардонад. Мо инҷо мисол овада метавонем кинофестивали байналмилалии филмҳои мустанади “Дидор-2019”–ро, ки пурра ба филмҳои мустанади дохилӣ ва хориҷӣ бахшида шуда буд. Ҳарчанд дар он шумораи ками коргардонҳои мустанадсози дохилӣ иштирок карда бошанд ҳам, аммо онро метавон қадами бузург номид.

“Даромад аз филм агар аз як тараф коргардонро ҳавасманд кунад аз тарафи дигар ба ӯ имконият медиҳад, ки филми навбатии худро таҳия намояд. Инчунин танҳо продюсерон метавонанд чархи филми ҳуҷҷатиро ба гардиш дароваранд. Роҳҳои дигаре ҳам мавҷуд аст, ки метавон даромад барои таҳияи филми ҳуҷҷатӣ ба даст овард.” — мегӯяд мустанадсози ҷавон Далери Имомалӣ.

Ба бовари коргардон ва филмноманавис Искандар Усмонов, хушҳолкунанда аст, ки имрӯз ҷаҳони синамо рӯ  ба филмҳои мустанад овардааст ва барои мустанадсозон имконият фароҳам омадааст то маводи тавлидкардаи худро ба фурӯш гузоранд. Танҳо ба коргрдонҳои тоҷик лозим меояд, филмҳои ҳуҷҷатии ҳирфаӣ омода ва пешниҳод кунанд.

Ҳарчанд ҳамасола коргардонҳои мустанадсоз ба майдони синамо ворид мегарданд, мутаассифона, қисми дигаре тарки ин соҳа мекунанд. Кам будани коргардонҳои мустанадсоз, набудани толорҳои муосири барои намоиш ин филмҳо, умуман мавҷуд набудани низоми пахши филмҳо, мушкили умдаи синамои миллии мо аст, ки натанҳо ҷавонони ташаббускор, балки киностудияҳои давлатӣ ба он мувоҷҷеҳ ҳастанд. Пур кардани фазои синамоӣ бо филмҳои мустанад ва ҳунари кори сахту мушкил аст. Аммо ҷалб намудани бинандагон ба толор замоне фаро мерасад, ки тамоми паҳлуҳои рушди санъати кино, аз таҳия то ба вуҷуд омадани толорҳои замонавӣ барои намоиши филм метавонад кинои тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.

Муаллиф: Шоҳсанам Қурбонова

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button