ЧАНДРАСОНАӢ

14 феврал атр не, балки китоб ҳадя бояд кард!

14 февралро ҳама ҷавонон ҳамчун “Рӯзи ошиқон” ёд мекунанд. На ҳама медонанд, ки имрӯз-Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб аст.  Ҳол онки аз соли 2012 ба ин сӯ, 14 феврал ҳамчун рӯзи эҳдои китоб таҷлил мешавад ва ин санаро беш  аз 30 мамлакат таҷлил менамоянд. Дар ин сана калонсолон ба кӯдакон ё нафароне, ки ба китоб дастрасӣ надоранд, китоб ҳадя карда, бо ин роҳ сафи китобхононро меафзоянд.

Чаро 14 феврал-рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб  аст?

Саволи як писари хурдсол аз модараш дар Амрико боиси ҷаҳонӣ шудани 14 феврал-ҳамчун рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб гардид.

Эмми Бродмури бо писараш

Эмми Бродмурии амрикоӣ модари се фарзанд аст. Саволи яке аз писаронаш чунин буд, ки “Чаро рӯзи махсусе нест, ки одамон ба якдигар китоб тақдим кунанд?”- Ин саволи муссир боиси таваллуди ҷашни наву муҳиме дар ҷаҳон шуд. Дар ибтидо Эмми пешниҳодро барои пайвастан ба ин ид тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барои одамони гуногун мефиристод. Дар ниҳоят масъалаи бамиёнгузоштаи кӯдаки хурдсол ва ташаббуси модари ӯро миллионҳо одамон дар саросари ҷаҳон дастгирӣ намуда, ба ташаккули ин ид ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб” саҳм гузоштанд.

Одат шудааст, ки дар ин рӯз, пеш аз ҳама ба кӯдакон, инчунин ба онҳое, ки имконияти дастрасӣ ба китобро надоранд, китоб тақдим карда шавад.

Дар Тоҷикистон низ аз ин рӯз таҷлил мекунанд. Ҳамасола дар китобхонаву дигар муассисаҳои фарҳангӣ ва  аз ин сана таҷлил менамоянд.

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб дар Гулбоғи маркази шаҳри Исфара.14 феврали соли 2020

Бо сабаби рост омадани 14 феврал ба рӯзи якшанбе дар китобхонаи милли Тоҷикистон имсол ҳеҷ чорабиние сурат нагирифт. Вале дар солҳои қаблӣ дар ин сана ҳамоиш доир мегардид.

Ба бовари коршиносон, кабули ин падидаи фарҳангӣ аз ҷониби ҷомеаи мо хуб буда, моро ба китобдӯстӣ талқин менамояд.

Матлуба Солеҳова

Матлуба Солеҳова, Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии эҳсонкори “Пешрафт”  бахшида ба ин сана 14 феврали соли 2021 дар Осорхонаи фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ чорабиние доир намуд.

Мавсуф дар мавриди ин чорабинӣ ва ҳадафи баргузорӣ ба мо чунин гуфт:

-“Дар якҷоягӣ бо Маҳфили китобхонӣ «Китобгир» чорабиниеро ташкил намудем, ки дар он иштирокчиён тавонистанд ба якдигар китоб ҳадя кунанд ва ба ин васила олами қаблан номаълумро ба якдигар нақл намоянд.

14 феврали соли 2021. Осорхонаи фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ

Қисмати аввали ҷорабинӣ шиносоӣ ва сӯҳбат бо ду адиби тоҷик- Латофат Кенҷаева, нависандаи кӯдакон, муассиси ТҶ “Истиқбол” ва Нигина Мамадҷонова, равоншинос ва муаллифи китобҳои аҷибе ба мисли Сӯзанӣ ва Нидо буд.

Ин адибони тоҷик дар мавзӯи «Нависандагони тоҷик дар бораи чӣ мегӯянд ё хомӯш мемонанд» суҳбат карданд. Зимни сӯҳбат меҳмонон ба саволҳои мавриди таваҷҷӯҳи иштирокчиён посух дода, онҳоро ба мутолиаи китоб ва шиносоӣ бо осори адибони ватанӣ ташвиқ намуданд.

«Китобҳо бад ва ҷолиб нестанд, ҳамааш аз дарки шумо дар бораи сухани муаллиф вобаста аст. Чизе ки шумо дилгиркунанда ва бефоида мешуморед, метавонад барои дигарон комилан дигар намояд!»-мегӯяд Нигина Мамадҷонова.

Бояд қайд намоям, ки ташаббускори ин чорабинӣ Саодат Усмонова, муассиси маҳфили китобхонӣ «Китобгир» дар назди ТҶЭ «Пешрафт» буд, ки адабиёти баландсифати аз лиҳози назариявӣ ва амалӣ санҷидашударо муаррифӣ намуд.

Зеро, муайян кардани маълумоти воқеан муҳим ва муфид дар раванди кунунӣ душвор аст. Бо вуҷуди онки ҳоло дар бораи қудрати шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет гуфта мешавад, вале китобҳо манбаи воқеан пурраи дониш боқӣ мемонанд”-мегӯяд Матлуба Солеҳова.

Яке аз воситаҳои ба китобу китобхонӣ ҷалби одамон – ҳадяи китоб ба ҳамдигар аст. Қурбоналӣ Бӯризода, директори «Хонаи китоби Тоҷикистон» дар як суҳбаташ соле қабл гуфта буд, ҳадяи мову шумо ҳамагӣ  як китоб бошад ҳам, тасаввур кунед, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ  агар 20% аҳолӣ  ба ин иқдоми пуршараф ҳамроҳ шаванд, беш аз миллион китоб ба китобхонаҳои мо ворид мегарданд ва мо бо ин амали солеҳи худ захираи зеҳнии китобатшудаи нодирро ташаккул медиҳем. Ба бовари Роҳбари «Хонаи китоби Тоҷикистон» китобхонаҳои деҳот эҳтиёҷот ба китобҳои нав доранд ва хуб мешуд, ки ҳадягарон китобҳои нав ва ба талаботи хонандагони деҳа ҷавобгӯ харидорӣ  намуда, онро ба деҳа ва мактабҳои хеш тақдим намоянд.

 

Муаллиф: Одина Маҳмад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button