CAPTION ВИДЕО

Таъсири ниқобҳои тиббӣ ба муҳити зист

Caption video

Эпидемияи коронавирус ба заъиф  гардидани равандҳои иқтисодӣ овард, ки дар натиҷа партоби газҳои гулхонаӣ ба атмосфера коҳиш ёфт. Аммо, дар баробари таъсири мусбат ба муҳити атроф, COVID-19 натиҷаи манфӣ дар пай дошт: ниқобҳо ва дастпӯшакҳои тиббии истифодашуда ифлоскунандаи нави экологӣ, аз ҷумла дарёву кӯлҳо гардиданд ва ин раванд идома дорад.

Инчунин ифлосшавии  аз зарфҳои пластикӣ яке аз бузургтарин таҳдидҳо барои сайёраи мо дар давраи хуруҷи коронавирус буд. Ҷаҳиши ғайричашмдошт дар истеъмоли ҳамарӯзаи хӯрок дар зарфҳои пластикии алоҳида, ки барои ҳифзи саломатӣ ва пешгирии паҳншавии беморӣ зарур буданд, вазъро хеле бадтар кард.

Муаллиф: Шаҳбоз Назаров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button