ИСТЕЪДОД

Абдулло ва Иброҳим истеъдоди ғайриоддӣ доранд

Абдулло ва Иброҳим

Абдулло ва Иброҳим хонандагони синфи дуюм буда, дар мактаби № 70-и ноҳияи Кушониён таҳсил менамоянд. Ин кӯдакон қобилияти ғайриоддӣ доранд. Онҳо ба воситаи ангуштони дасти хеш  рақамҳои зиёдро ҳисобу китоб намуда, ҷавоби дурустро мегӯянд. Ҳоло арифметикаи зеҳниро берун аз барномаи меомӯзанд. Дар ин самт ба онҳо падарашон кумак мекунад.

Падарашон омӯзгор буда, дар Литсейи техникӣ  аз фанни техналогияи иттилоотӣ дарс мегӯяд.

Ин усули ҳисоб-арифметикаи зеҳниро ҷопониҳо аз асри 16 истифода менамоянд ва барои кӯдакони 5 то 16-сола тавсия медиҳанд.

Арифметикаи зеҳнӣ ба кӯдакон кумак менамояд, ки бидуни истифодаи калькулятор мисолҳоро ҳал кунанд ва зеҳни хешро инкишоф диҳанд.

Абдулло ва Иброҳим дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии арифметикаи зеҳнии “GENIUSKID-2020” ширкат карданд. Дар гуруҳи В Абдулло чемпион ва Иброҳим мақоми якумро  касб карданд.

Феълан аксарият дар ҳисобу китоби математикӣ аз калькулятор васеъ истифода мебаранд.  Қариб ҳамаи муҳосибон ё фурӯшандагон бидуни калькулятор кори худро пеш намебаранд. Зеро дақиқу зудшуморӣ кори осон набуда, донишу малакаро талаб менамояд. Абдулло ва Иброҳим бошанд қобилияти зудшумориро доранд. Онҳо ҳатто дар баробари замзамаи шеър рақамҳои мураккабро ҷамъу тарҳ мекунанд.

Муқим Шамсиев, падари Абдулло ва Иброҳим мегӯяд, ҳамарӯза фарзандонашро имтиҳон мекунад:

“Ҳар субҳ аз хоб бедор шуда, аз ҷониби ман бо чанд усуле, ки дар ин гуна ҳисоб истифода мешавад, санҷиш мешуданд ва ба хубӣ аз уҳдаи иҷрои он мебаромаданд. Мисолҳоро тариқи принтер чоп мекунам, то барои ҳалли он пардозданду вақти худро беҳуда нагузаронанд. Баъди дарс аз сомонаҳои байналмилалӣ арифметикаро меомӯзанд. Инчунин якуним соати дигар барномасозиро ба онҳо ёд медиҳам. Чунки мехоҳам дар оянда муҳандис -барномасоз шаванд.”

Ҳоло Абдулло ва Иброҳим бо падарашон барои олимпиадаи байналмилалӣ омодагӣ мегиранд.

 

Муаллиф: Набиҷони Саидаброр

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button