Маконҳои таърихӣ

Ёдгории меъморӣ чаро Аҷиннатеппа ном гирифт?

Аҷинатеппа боқимондаи ёдгори меъмории дини будоӣ буда, мувофиқи тахқиқи бостоншиносон бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 арзи вуҷуд доштааст.

Аҷиннатеппа аз маркази ноҳия 11 км дур дар ҷамоати шаҳраки Киров ва 15 км дуртар аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷойгир шудааст.

Соли 1959 дар масофаи 3 км аз роҳи Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз тарафи олим Т. И. Зеймал кашф гардидааст. Номи асосии ин ёдгорӣ аслан Аҷиннатеппа набуда, ин унвон солҳои 40-уми асри 20 ба он дода шудааст. Тибқи ривояти мардуми маҳал солҳои 40-уми асри 20 дар натиҷаи боридани боронҳо як ҷойи теппа фурӯ рафта, сӯрохие ба вуҷуд омадааст ва нафаре аз маҳаллиён вориди сӯрох шуда, бути якпаҳлӯ хобрафтаеро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд маҳаллиён онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшакли бадкирдори афсонавӣ) пиндошта, Аҷиннатеппа номгузорӣ кардаанд. Ваҷҳи тасмияаш аз аҷина аст.

Аҷиннатеппа бинои росткунҷашакли вусъаташ 100×50 м, баландиаш 6 м мебошад. Аз ду қисмати мутаносиб иборат буда, бо роҳрав қисмҳо ба ҳам мепайванданд, ки қисмҳоро дар рафти таҳқиқ шартан «дайр» ва «маъбад» номгузорӣ кардаанд. Дар миёнҷои «дайр» ва «маъбад» ҳован ҷой дорад. Иморати ҳар як қисми бино аз рӯйи тарҳи сохтмонии чорайвона бино ёфта, аз похса ва хишти хом, таҳкурсии он аз хишти пухта сохта шудааст. Фарши ҳуҷраҳо, рӯйи ҳавлӣ ва девори биноҳои ибодатгоҳ бо хишти пухта рӯйкаш шудаанд. Равоқҳо камбар ва биноҳо гумбаздор будаанд. Дар маркази нимаи «дайр» ҳавлии чоркунҷае ҳаст (19х19 м) — ки дар атрофи он ҳуҷраҳо, ибодатгоҳ, толор ва биноҳои хоҷагӣ ҷой гирифтаанд. Ҳамаи ин биноҳоро роҳрав ба ҳам мепайваст. Ороиши меъмории ибодатгоҳи дайр мураккаб буда, шифту девор нақшунигор ва муҷассамаҳои бисёр дошт. Ҳангоми ҳафриёт пораҳои муҷассамаи калони баландиаш 4 м, ки дар маркази бино воқеъ буд, ёфт шуд. Поини деворҳо, рӯйи суффаҳо ва пояи ҳайкалҳо бо нақшу нигор оро доранд. Дигар биноҳои «дайр» ва ҳуҷраҳои роҳибон намуди одӣ доранд.

Дар яке аз роҳравҳо муҷассамаи 14-метраи якпаҳлу хобидаи Будо дар ҳолати нирвана ва дар тоқчаҳо муҷассамаҳои хурди Будои нишаста ёфт шуданд. Муҷассамаҳоро аз гил сохта, рангубор додаанд. Тасвироти Аҷиннатеппа дар асоси анъанаҳои наққошии ҳамонзамонаи Осиёи Миёна иҷро шудаанд. Нақши иблис, роҳиб ва одамони одӣ низ ҳаст.

 

Муаллиф: Амонҷон Муҳиддинов

Back to top button