Навоварӣ

Дар Хуҷанд дастгоҳи санҷандаи сифати ҳаворо насб мекунанд

Тавассути ин дастгоҳ аҳолӣ мустақиман аз сифати ҳавои шаҳр метавонанд ҳамарӯза тариқи шабакаи интернетӣ бохабар бошанд.

Тасмим аст дар Хуҷанд дастгоҳеро насб кунанд, ки ифлосшавии фазои атмосферӣ ва таъсири он ба муҳити экологиро мушаххсас созад. Дастгоҳ дар чаҳор қисмати шаҳр насб мегардад ва асосан чангҳои ифлоскунандаи ҳаво PM2,5 ва PM10-ро муайян ва  натиҷаро ба торнамои http://www.ygpe.tj мефиристад. Аҳолӣ имкон пайдо менамоянд, ки ҳамарӯза аз ин сомона аз вазъи ҳавои атмосферии Хуҷанд иттилоъ ба даст оранд, ки олудаи чангҳои зараррасон ба саломатӣ ҳаст ва ё не.  

Бори нахуст лоиҳаи “Беҳтар намудани сифати зиндагӣ, тавассути огоҳисозӣ ва пешгирии роҳҳои ифлосшавии ҳаво, “Бидон, чиро нафас мекашӣ” дар Хуҷанд рӯйи кор омад.  Ташкилоти ҷамъияти гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф дар вилояти Суғд ин тарҳро амалӣ мекунад, ки ҳадаф ба таври дақиқ таҳлили ифлосшавии ҳавои атмосферӣ, кашфи зарраҳои хурдтарини зиёновар ба саломатӣ ва мустақиман манзури аҳолӣ гардонидани вазъи воқеии тозагӣ ва ё олудагии ҳаво мебошад. Икром Мамадов, раҳбари ташкилоти мазкур гуфт, дастгоҳи санҷиши ҳавои атмосфериро аз Қазоқистон бо маблағгузории Сафорати Амрико дар Тоҷикистон харидорӣ ва дар чаҳор қисмати Хуҷанд насб мекунанд.

“Дастгоҳи сенсори таркиби  ҳавои атмосфериро аз рӯи PM2,5 ва PM10 муайян мекунад ва дар сомонаи мо мустақиман  (онлайн) ҳар рӯз дида метавонед, ки сифати ҳаво дар кадом минтақаи шаҳр тоза ва ё олудаи зарраҳои зиёновар аст.  Мо метавонем нишон диҳем, ки дар куҷо зарраҳои чангӣ, моддаҳои зиёновар ба фазои атмосферӣ зиёд аст, сабаб чист ва чи таъсире ба саломатии одамону муҳити экологӣ дорад. Ҳамҷоя бо созмонҷои ҷамъиятиву байналхалқӣ ва мақомот баъди таҳлилҳо сари пешгирии паёмади нохуши он бояд тадбир андешем”.  

PM2.5 чист ва чаро ба саломатӣ зиёновар аст?

PM2.5 ин як зарраи сахт ва хурдтарини ифлоскунандаи ҳаво аст, ки микробҳо ва хурдтарин қатраҳои моеъро меноманд. Ҳаҷми ин зарраҳои ифлоскунанда ё худ PM2.5 (https://www.airkaz.org/pm25.php) хело хурд буда, ба осонӣ монеаҳои биологиро мегузарад ва аз ин сабаб ба организм назар ба дигар зарраҳои ҳаво таҳдиди азимтареро ба вуҷуд меорад.  Ин зарраҳо ва қатраҳо, ки ба андозаи камтар аз 2,5 микрон аст ва дар фазо боздошта шудааст. Аммо чунин зарра ва ё чанги зиёновар аз ҳама бештар дар фазои шаҳрҳо мавҷуд аст, ки таркиби химиявии аэрозолӣ дар ин ҷойҳо назар ба мавзеъҳои саҳроӣ хатарноктар ба саломатӣ аст. 

Зарачаҳои хурдтарини PM2.5 метавонад ҳангоми мубодилаи газ ба хун ворид шавад. Аз ин рӯ ин зарраҳо натанҳо ба бемориҳои роҳи нафас балки ба бемориҳои дилу рагҳо низ сабаб мешавад.

Икром Мамадов мегӯяд, тариқи дастгоҳ минбаъд  имкон фароҳам меояд, ки дар соҳаи тандурустӣ заминае пайдо шавад то сабаби афзудани баъзе аз бемориҳои вобаста ба ҳавои олудаи чангу зарраҳои зиёновар мушаххас гардад.

“Таҳлилҳои ҳавои атмосферӣ, ки ҳоло дар мо аст зиёдтар аз моҳвора мегиранд. Обу ҳавое, ки то 100 метр боло одамон нафас мекашанд камтар маълумот дорем. Агар ҳамин маълумотҳоро ҷамъоварӣ ва таҳлил намуда маълум намоем, ки дар кадом ҳудуд бемори зиёд аст баъд онро ба сифати ҳаво вобаста аст ё не дақиқ намудан имконпазир аст”.

Дар ҳамин ҳол Аскар Абдувалиев, коршиноси масоили экологӣ такя ба маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, дар пайи ифлосшавии ҳаво аз соли 1990 то 2010 дар ҷаҳон 3,1 миллион нафар бо сабаби марбут ба зарраҳои PM2.5 фавтидааст. Омори дигар ин аст, ки PM2.5 давомнокии умрро ба ҳисоби миёна 8,6 моҳ кам мекунад. Ва дар умум, 3 дарсади марг бо иллати бемориҳои системаи дилу раг ва нафас ва 5 дарсад фавт аз саратони шуш бо зарраҳои PM2.5 алоқаманд аст, мегӯяд ӯ.

Аскар Абдувалиев, коршиноси масоили экологӣ, ки дар мавриди фазои атмосферӣ таҳқиқотҳои хосеро анҷом додааст. Ба қавли ӯ, дар шаҳрҳои вилояти Суғд  асосан  90 фоизи ифлосшавии ҳаво аз партовӣ нақлиёт аст. Дар ҷойи дуюм корхонаҳои истеҳсолӣ меистад, ки 5-10% ифлосшавии ҳаво ба он вобаста мебошад. Ӯ афзуд дастгоҳе, ки тасмим ҳаст барои санҷиши фазои атмосферии Хуҷанд насб мешавад, ҳадди ақал 6-7 ҷанбаи чангу зарраҳои хурдтарини ифлоскунандаи ҳаворо дақиқ кунад. Аскар Абдувалиев мегӯяд, чангҳои дар фазо камҳаракат ва газҳои гулхонаӣ, ки ба саломатӣ зиёновар аст бояд санҷида шавад.

“Дар натиҷаи зиёд шудани корхонаҳои истеҳсолӣ давоми 10 соли ахир дар шаҳри Хуҷанд тахмин 1,5 маротиба фазои атмосфери ифлос шуд. Дар ин солҳо ба сари ҳар як аҳолӣ шумораи моддаҳои боркаш панҷ маротиба афзуд. Барои он ки мо гӯем нафаскашӣ сабук шуд ва ё душвор маълумоти дақиқ лозим аст, ки ҳоло нест аст. Аз ин рӯ имрӯз дақиқ гуфта наметавонем, ки то чи андоза консентратсияи ифлоскунанда дорем ва ҳавои Хуҷанд тозза аст ва ё не”.

Коршинос афзуд, барои тоза нигоҳ доштани фазои атмосферӣ бояд масъулони корхонаҳои саноатӣ таҷҳизотҳои ҷамъоварии газу чангро насб кунанд ва дар атрофи корхона накам аз 30-40 метр “майдони сабз” ташкил намоянд. Дар шаҳри Хуҷанд мувофиқи меъёр бояд ба сари ҳар як аҳолӣ аз 10 то 50 метри мураббаъ майдони сабз фароҳам сохт, ки ҳоло тахмин 7-10 метри мураббаъ ба сари ҳар аҳоли рост меояд, ки басанда набудааст. Коршиносон мегӯянд, дар шаҳр дарахтонеро бояд шинонид, ки партовҳои маводи сӯхти мошинҳо ва чангро дар худ ғунҷонда ба муҳит ҳавои тоза диҳад.

 

Муаллиф: Ҳалимҷон Ҷураев

Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button