Севинч Абдураҳмоноваи 14-сола дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ буда, мустақилона роҳ рафта наметавонад. Бинобар ин, аз асобағал истифода мекунад.
Бо вуҷуди доштани маълулият гӯшае нанишаст, ҳунари хайётиро аз худ намуд ва онро ба як манбаи даромади хеш табдил дод. Агарчи таҷҳизоти кориаш (мошинаи дарздӯзӣ) фарсуда гардидааст, вале онро канор намегузорад.
Севинч дабистон намеравад, вале хондаву навишта метавонад, расмҳои ҷолиб тасвир мекунад.
Ӯ кӯрпаву болишт, дастархон, руймолча медӯзад ва ин кораш ба як манбаи даромаш табдил гардидааст.
Севинч мизоҷонашро мустақим пайдо карда наметавонад то фармоишҳои нав қабул намояд. Зеро, фурӯшгоҳе надорад. Муштариён ӯро ба мушкилӣ пайдо мекунанд.
Аз масъулини бахши Хадамоти иҷтимоии Панҷакент розӣ аст, зеро, ҳамеша ба аёдаш меоянд. Аммо ҳоло бо аробаи махсуси маъюбӣ ниёз дорад то роҳравиаш осонтар бошад.
Абдусамад Аминов