МУВАФФАҚИЯТ7 дастгоҳи Маҳҷабин. Кори кадом соҳаро осон мекунад?

7 дастгоҳи Маҳҷабин. Кори кадом соҳаро осон мекунад?

-

Маҳҷабин Давлатқадамова донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ буда, аллакай барои соҳаи хоҷагии қишлоқ 7 дастгоҳ офаридааст.

“Нерӯгоҳӣ барқӣ” ва “огоҳкунаки беноқил” намунаи барҷаста аз кори ӯст, ки истифодаи он мушкилоти хоҷагии қишлоқро кам мекунад. Нерӯгоҳи ихтироъкардаи Маҳҷабин аз 1 то 3 мвт қувваи барқ истеҳсол мекунад. Огоҳкунаки беноқили Моҳҷабин Давлатқадамова низ метавонад дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, саноат инчунин дар соҳаи ҳарбӣ истифода гардад.

“Ин асбоби сохтаи мо яъне, огоҳкунаки беноқил дар соҳаи хоҷагии қишлоқ барои хабар доданд аз офатҳои табиӣ, муҳофизати хонаҳо, анборҳо, маҳаллаҳои муҳофизатшаванда ва дар роҳҳои хавфнок барои мондани чароғакҳои роҳнамо истифода бурда мешавад. Ҳангоми ба вуқӯъ омадани офати табиӣ, асбоб метавонад аз маҳалли хатарнок ба ҷойи лозимӣ хабар диҳад.”,- мегуяд Маҳҷабин Давлатқадамова. 

Маҳҷабин дар як қатор озмуну намоишҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст. Ӯ соли 2014 дар озмуни “Техникони Ҷавон” сазовори ҷойи аввал ва соли 2016 дар озмуни ҷумҳуриявии наврасон, таҳти унвони “Як қадам ба пеш”, сазовори дипломи дараҷаи дуюм гардидааст. Инчунин соли 2021 дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” иштирок намуда, мақоми сеюмро касб кард.

Маҳҷабин Давлатқадамова ҳамарӯза пас аз дарс зери роҳбарии Қурбонов Бадриддин малакаву маҳорати техникиашро тақвият мебахшад. Ӯ мехоҳад, дар оянда бонуи муваффақ дар самти ихтироъкорӣ гардад.

Баҳруллои Маҳмадшариф 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
8
+1
5
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Соҳибкории иҷтимоӣ: талош барои тағйироти мусбат дар ҷомеа

Соҳибкории иҷтимоӣ тиҷоратест, ки ҳадаф аз таъсиси он рисолати иҷтимоӣ ва хайрхоҳона мебошад. Бо соҳибкории иҷтимоӣ метавон даромад гирифт ва...

Дар кадом навъи Samsung хати сабз пайдо мешавад?

Дар дисплейи баъзе аз телефонҳои Galaxy S21 хати сабзи борик пайдо мешаванд. Сабаби дақиқ маълум нест, аммо он метавонад...

Мушкилоти келинҳои донишҷӯ

Зиндагии донишҷӯ-келинҳо соддаву оддӣ нест. Ба ҷуз иштирок дар дарсҳои донишгоҳӣ ташвишҳои ҳаррӯзаи хона зам мешаванд. Бархе аз ин донишҷӯ-келинҳо...

Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе

Субҳи 20 апрели соли равон дар Наврӯзгоҳи пойтахт 14-умин Ниммарафони байналмилалӣ дар масофаи 21км 97м баргузор мегардад. Дар мусобиқа...
spot_imgspot_img

Samsung як планшети бехатарро барои кӯдакон муаррифӣ кард

Samsung планшети кӯдаконаи Galaxy Tab A9 Kids Edition -ро муаррифӣ кард. Samsung планшети Galaxy Tab A9 Kids Edition-ро муаррифӣ кард,...

Intel дафтари худро дар Нижний Новгород фурӯхт

Корпоратсияи амрикоии Intel бузургтарин дафтари худро дар Нижний Новгороди Русия фурӯхт. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад. Онҳо муддати тӯлонӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад